Сирри комёбии Тоҷикистон

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

Миллати тоҷик арзиши онро дорад, ки аз ӯ дифоъ кард. Тоҷикистон ва вазъи умумии ин кишвари офтобиро  агар бо риояи усули таҳлилҳои муосир бо такя ба воситаҳои холисонаи бозгӯйи воқеаҳо ва ҳаводис бо назари урфӣ баҳогузорӣ бикунед, бисёр номулоиматие, ки аз ҳушу мағзҳои хориҷӣ ғайримунсифона бармеояд, рафъ мешавад.

Тоҷикистон кишварест, ки  дар уфуқи таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ба танҳоӣ дасту панҷа нарм мекунад ва мекард. Бубинед, аз зовияи таърихии 24 соли суқути Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон фақат ба неруе такя кардааст ва дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз онро аслу васли худ донистааст, ки номаш мардуми Тоҷикистон аст. Ин неру ифтихореро барои худ камоӣ кардааст, ки ба асолату ҳувияти азалӣ ва вафодориаш яқинан то рӯзи интиҳои ин ҷаҳон ба ӯ метавон умед баст.

Коршиносоне, ки аз вазъи минтақа бо такя ба ахбори воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, хабар меёбанд, як назокати бисёр муҳим ва мусбати Тоҷикистонро сарфи назар мекунанд. Ин ҳам рафтори таърихии миллати тоҷик дар лаҳзаҳои буҳронӣ, ба мисли ҷанг, харобӣ, офатҳои табиӣ, ҳамлаи қувваҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад, ки ба таври ғайримунтазира басиҷ мегардад, дар атрофи  ақидаҳои созанда, иродаи қудрату маърифатпарвар ва миллатмеҳвар муттаҳид гашта, ҷавоби муносиб ва сазоворро ба ҳалқаҳои кӯтоҳандеш медиҳад. Сарвату боигарии мо ҳамин миллат ва зарфияту иқтидори ҳамин марзу бум аст, ки ояндасоз аст, созанда аст, ҷомеаро ба пеш мебарад.

Чунончӣ, ҳиссае аз нотавонбинон мардумро ба издиҳому тазоҳурот хонданд. Мардум бо насиҳати марҳамбахш онҳоро ба роҳи рост ҳидоят карданд, пеши роҳи иғворо гирифтанд.

Ҳамин мардум ва амалан падару модари ҳар як тоҷикистонӣ буд, ҷавонону занони тоҷик буд, ки ҷанги таҳмилии бародаркушро хилофи табиати инсонсолоронаи худ пиндоштанд ва давлатмардонро водор ба сулҳу салоҳ ва интихоби  масири азалии таърихии рафторӣ ва номусӣ баргардонданд.

Ба хунбаҳои истиқлолиятандешӣ ва мустақилияти фикрӣ заҷри бегазии аз ҷониби баъзе ҳамсоякишварҳо таҳмилшударо паси сар карданд. Дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз ҳавсалаашон сар наомад. Хунук хӯрданд, гуруснагӣ ва ташнагӣ  кашиданд, вале ба умеду орзуи худ пойбанд монданд. Ба як бовармандии хоси тамаддуни халқи куҳан таҳаммул карданд, мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро сарбаландона гузаштанд. Наларзиданд, яъсу навмедиро роҳ надоданд.

Вақте ёғиҳои худпарвардаи бегонапарваре дари хонаро ба хотири қатли мардум даст зад, аз як гиребон сар бароварда, онро бо ҷасорати восеъвиқору темурмаликсон аз дар ронданд.

Аз сарҳади ҷанубӣ урдуи тахрибкори нашъаманд дар террори инсонҳо махмур ва ғӯтавар вориди саҳна шуд, Тоҷик аст, ки  дар ин набарди нобаробар ду даҳсола пирӯз аст ва хоҳад монд.

Дарки ватанхоҳӣ ва миллатсолорӣ мардумро водор кард, ки барои лоиҳаҳои омма-ул-манфиат, аз қабили сохтмони мактабу роҳҳо ва пеш аз ҳама, неругоҳҳои барқии обӣ аз ҷайби худ сарозери хазинаи давлат маблағи охиронро бирезад, то мушкилоти рӯзмарра тезтар роҳи берунрафти худро ёбанд.

Пас чӣ гуна ба оянда боварманд набуд, вақте мову шумо чунин мардуми донову хирадманд, уҳдабаро, меҳандӯст, вораставу озода,  созандаву пуркор, давлатсолору ояндабин, серғайрату пурталош, соҳибистеъдоду фарҳангӣ, тамаддунзову ҷасуру  «гарданкашу лашкаршикан», тавонову зебосиришт дорем. Мардуми тоҷик  сарчашмаи кулли хушиҳои имрӯзаву фардои мост. Оянда аз тоҷик аст.

С. ҶАВОДОВ, файласуф