Соҳаи маориф ва таълиму тарбия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳти назорат ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, бо мақсади татбиқи ин сиёсат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёди давлатӣ қабул гардидаанд ва онҳо давра ба давра татбиқи амалии худро ёфта истодаанд.
- Аз ҷумла қабули Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 ҷиҳати равнақу ривоҷи минбаъдаи соҳа имконияти зиёд фароҳам хоҳад овард,-мегӯяд раиси Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум Ашӯра Рашидова.
Бояд гуфт, ки таҳкурсии тарбияи наврасон маҳз дар муассисаҳои томактабӣ гузошта мешавад.
Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон мо дар боғчаи «Уқобак»-и шаҳраки Консой якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳрак дар давоми солҳои 2011-2012 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидем.
Бо қарорҳои раиси шаҳр кӯдакистон гурӯҳҳои иловагӣ таъсис дод ва алҳол шумораи тарбиятгирандагонаш аз 50 нафар ба 100 нафар расонида шудааст.
Барои таъмини боғча аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 32600 сомонӣ маблағ сарф ва ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шуд.
Ҷамоати шаҳраки Консой бо дастгирии вакилони Маҷлиси Ҷамоати шаҳрак барои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидани гурӯҳҳои боғча пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Дар давоми солҳои 2011-2012 бо дастгирии ҶМТКММ «Апрелевка» боғча бо чор адад асбобҳои барқдиҳанда, яхдон, чангкашак, 25 адад кати хоб таъмин гардонда, айвончаи тобистонаи боғча аз таъмир бароварда шудааст. Вакилони ҷамоат бошанд, ба бачаҳо ду адад телевизор ва масҷиди ҷомеи шаҳрак ду адад қолин туҳфа карданд.
- Барои хуб гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 боғчаро ба маблағи 4562 сомонӣ бо ангишт таъмин намудем, — афзуд Ашӯра Рашидова ва идома дод:
-Ҳоло дар боғча барои кушодани гӯруҳи иловагӣ корҳои омодагӣ рафта истодааст. Ба ин мақсад даҳ ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Кормандони боғча аз ин ғамхориҳо руҳбаланд гардида, барои беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи атфол кӯшиш менамоянд.
Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»