1 март дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон 6 гузаргоҳ боз шуд. Дар маросими ифтитоҳи онҳо баробари сарварони вилоятҳову ноҳияҳои ҳамсарҳади кишварҳо аз ҳар ду ҷониб шахсиятҳои шинохта ҷамъ омаданд. Гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм дар марзи Панҷакент бо Самарқанд кушода шуд. Ҳозирин такрор ба такрор изхори хушнудӣ ва орзу мекарданд, ки марзи байни давлатҳои ду халқи дӯсту бародар — тоҷику ӯзбек дигар ҳеҷ гоҳ баста нашавад. Корманди соҳаи фарҳанги вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёдгор Саъдиев иброз дошт, ки: «Миллати тоҷик аз он ифтихор дорад, ки Сардафтари адабиёти оламшумули тоҷику форс — устод Рӯдакӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дорад. Ин шахсиятҳои бузург барои сокинони ҷумҳурии мо низ азизанд. Аз ин ҷост, ки дар ҳар хона сурати Пешвои миллат нуру сафо мебахшад».
Мусаллам аст, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шаҳодатномаи миллати мост ва тавассути эҷодиёти ӯ ҳам сулолаи Сомониён машҳури олам шуд ва ҳам номи халқи тоҷик, забони ноб, шево ва биҳиштии дарии тоҷикӣ ба маснади давлатӣ баромад ва ҷовидонӣ гардид. Адабиёти беназири тоҷикӣ дар қаламрави забони густурдаи замони шукӯҳманди Сомониён ба дараҷае расид, ки аз пешқадамтарин дар олам маҳсуб мешуд. Албатта, сазовор аст, ки ёздаҳ аср боз устод Рӯдакиро ситоиш мекунанд.
Барои мардуми тоҷику ӯзбек, ки асрҳои аср паҳлуи ҳам зиндагонӣ карда, дӯстию рафоқаташон дар тӯли таърих таҳким ёфтааст, боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду ҳамсоякишвар воқеаи муҳими таърихӣ гардид. Яке аз асоситарин омили боз шудани сарҳад ва беҳ шудани муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бидуни шубҳа, талошҳо ва сиёсати «дарҳои боз»-и Пешвои миллати тоҷикон аст. Аз ҷониби дигар, дидгоҳи дурандешона ва корсозиҳои тозаи сиёсии Сарвари нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ барои шикастани қолабҳои қаблии хушунатбор заминаи мусоид фароҳам оварданд. Пешвои муаззами миллати тоҷик ҳатто дар замони муносибатҳои сарди маъмурони пешини ҳамсоякишвар равзанаи тафоҳумро ба рӯи онҳо боз гузошта, хостори таҳаввули муносибатҳои давлатӣ буданд.
Ба монеаҳо нигоҳ накарда, дар лаҳзаи мусибати азим Роҳбари давлати Тоҷикистон бо самимияту ҷавонмардии ба худ хос дар паҳлуи мардуми ӯзбек қарор доштанд. Дар асл ҳамин амали Пешвои миллат ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмию дӯстӣ моил сохт ва минбаъд барои тадриҷан беҳтар шудани муносибатҳои ҳамкорӣ нақши муҳим бозид.
Чун садди сарҳадҳо аз миён бардошта шуд, гурӯҳ-гурӯҳ ба пешвози якдигар омадани аҳли оила, хешу табор, ҳаммаслакону ҳамкорони пешина, соҳибкорону одамони касбу кори гуногун шаҳодати он аст, ки мардуми тоҷику ӯзбек дарвоқеъ муштоқи ҳамдигаранд, бародаранд. Онҳо ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш гирифта, сари дастурхони идонаи баҳорӣ ва наврӯзӣ нишаста, бо самимият бо якдигар суҳбат менамуданд.
Мӯйсафеди 100-сола, сокини ноҳияи Панҷакент Лутфулло Сироҷев иброз дошт, ки духтарашро 20 сол боз бо набераҳояш ба серӣ надидааст. Вай бо ашки шашқатор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари давлати ба мо бародар Шавкат Мирзиёев арзи сипос намуда, дуо мекард, ки пояндаву абадӣ бод давлати соҳибистиқлоли мо бо сарварии Ҷаноби Олӣ ва ҷовидону қавӣ бод дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек!
Боиси хурсандист, ки батадриҷ роҳҳои нақлиёти фазоиву заминии байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз нав боз мегарданд. Ногуфта намонад, ки дар асоси мувофиқаи ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон корҳои барқароркунии роҳи оҳани Амузанг ба анҷом расидааст.
Пайванд кардани ин хатсайрҳои гусаста, ки боиси рафтуои мардум, содироту воридот мегарданд, бидуни шубҳа, метавонанд ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи байнидавлатӣ мусоидат намоянд. Эҳёи муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз он ҷиҳат осон аст, ки мардуми ҳар ду кишвар ин гуна ҳамкориҳоро истиқбол мекунанд, балки дер боз интизори чунин таҳаввулоти сиёсӣ буданд. Кӯшишҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои эҳёи муносибатҳои қаблии байнидавлатӣ, бешак, ба боло рафтани имиҷи сиёсии онҳо дар сатҳи минтақа мусоидат мекунад.
Миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи асолату вижагиҳои миллӣ, ҳамчунин бо дигар миллатҳо умумияту қаробати фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, дар ҷаҳон кам нестанд, аммо мисли тоҷику ӯзбек кам метавон миллатҳоеро вохӯрд, ки аз лиҳози равониву ахлоқӣ, урфу одату анъана ва шеваи зиндагӣ ба ҳам шабоҳат дошта бошанд. Ин ду миллат дар масири таърихи тӯлонии ҳамзистӣ он қадар ба ҳам таъсир гузоштаанд, ки дигар на фақат дар куллиёт, балки дар ҷузъиёти шеваи зиндагӣ низ тафовуте боқӣ намондааст. Ин аст, ки намояндагони ин ду миллат дар пасманзараи сиёсатҳои мутаноқизи замон ҳамеша нисбат ба якдигар аз лиҳози отифӣ тамоил доштанд ва ҳеҷ гуна марзеро дар равобити мустақиму мудовим қабул надоштанд. Фазои андешаи қишрҳои ғайрисиёсии ҷомеа ва мардуми одӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тафовут аз фазои қаблии сиёсии аҳёнан сарду буғранҷи кишварҳо ҳамеша гарму офтобӣ буд. Маҳз аз шарофату баракати ин равшанӣ феълан роҳи ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмии сиёсии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо илқову иршоди роҳбарони дурандешу ояндабини ин ду ҳамсоякишвар дарёфт карда шуд, ки он метавонад барои ҳар ду кишвар ва барои ҳар ду миллат муфид ва саодатовар бошад.
Бисёр рамзист, ки дар аксар гузаргоҳҳои сарҳадӣ маросими расмии ифтитоҳ рӯзи якуми фасли баҳор ба вуқӯъ пайваст. Ин фоли некест аз баҳори дӯстии ду халқи қадимаю ҳамсоя, ки абадуддаҳр меваҳои шаҳдбор хоҳад дод ва мардуми муштоқи ҳар ду сӯи сарҳад, хешону наздикон, пайвандон ба хонадони ҳамдигар бе мамониат равуо хоҳанд кард.
Аҳмадҷони РАҲМАТЗОД,
раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон