Ба мо муроҷиат мекунанд

Тоҷикистонро ба ягон давлати дунё иваз намекунам

№10 (3804) 25.01.2018

Мухточ- НуъмонИн сухани модарест бо исми Зуҳро, ки чанде пеш ҳамроҳи писарчаи дӯстрӯяке вориди ҳуҷраи кориам шуд. Ба меҳмони хурдакак салом додам. Вай  зуд «алейк» гирифту табассуми софдилонаи кӯдаконаро бароям ҳадя намуд. — Номат чӣ, ҷӯраҷон? — пурсидам аз ӯ. Вале ҷавобе нашунидам ва модараш ба ҷойи ӯ посух дод:

- Мебахшед, вай гап зада наметавонад, Умарҷон ном дорад ва дар чеҳрааш осори маъюсӣ ҳувайдо гашт. Ҳамчунин арзи матлаб кард:

- Бародар, ба хотири ҳамин писаракам назди шумо омадам. Вай дар якунимсолагӣ ба иллате гирифтор шуд ва ҳарораташ баланд гашт. Ба ростӣ, бисёр тарсидем, ки ӯро аз даст медиҳем, вале бо хости Худо, баъди даводаву табобат аз ҳолати вазнин баромад. Вале гап зада наметавонад, гӯшҳояш вазнин гаштаанд ва ин ба асабаш низ таъсир расондааст. Чанд маротиба дар беморхона ба ташхису табобат фаро гирифта шуд. Бо ҳамсарам Муҳаммадӣ Назаров ӯро ба шаҳри Санкт-Петербург низ бурдем. Он ҷо духтурон баъди ташхис бемориашро «нервити дутарафа – кохлярӣ» унвон карданд ва пешниҳод намуданд, ки ҷарроҳӣ намоем. Шарташон ин буд, ки ман бояд шаҳрвандии Россияро қабул кунам, баъд бепул ҷарроҳӣ мекунанд. Агар не, бояд маблағи ҷарроҳию табобатро (23 ҳазор доллар) пардохт намоям. Аммо ман ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонам шарти онҳоро қабул кунам, зеро Тоҷикистон бароям Ватан аст. Ин мулки биҳиштосоро ба ягон кишвари дигар иваз намекунам. Худо ҳоҳад, писарам шифо меёбад.

-Худо ба писаратон шифо диҳад, аммо сабаби ташрифатон ба идораи рӯзнома чист?

- Ман дар ноҳияи Сино, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам, боз як кӯдаки 3-сола дорам, — қисса кард ҳамсуҳбатам.  — Ҳар гоҳ ки Умарҷон ба кӯча баромада, бо ҳамсолон бозӣ кунад, ӯро ҳар гуна таъна мезананд ва писаракам маъюсу ноумед ба хона бармегардад. Мехоҳам илоҷе карда, роҳҳои табобати писаракамро пайдо кунам. Ба ҳамин хотир  бо умед ба назди шумо омадем. Шояд шахси хайрхоҳе пайдо шаваду ба мо кумак расонад ва маб­лағи заруриро пайдо карда, писарамро ҷарроҳӣ кунем.

Чеҳраи нуронии писараки маъюб, ки саршор аз меҳру муҳаб­бат буд, маро мутаассир кард. Шояд сарватманди хайрхоҳе пайдо мешавад, ки барои илоҷи бемориаш ёрӣ мерасонад.

Барои ин суратҳисоби модарашро пешниҳод мекунем:

 Б.КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

ҶСК «БОНКИ ЭСХАТА» дар шаҳри Хуҷанд

Ҳ/М:                                      20402972457071000000

МФО:                                    350501707

ИНН:                                     510004229

Маблағгиранда:                   Кишварова Зуҳро

С/Ҳ:                                        20216972800020018501

Рақами корти бонкӣ:           6374600000000712148