Проблема ва мулоҳиза

Кӯлоб. Чаро корхонаҳои саноатӣ фаъолияти пурсамар надоранд?

№41 (4303) 01.04.2021

davТо солҳои 2005 — 2007 — ум дар шаҳри Кӯлоб ҶСК «Комбинати хонасозӣ», ҶДММ «Хишти Кӯлоб», ҶСП «Комбинати шири Кӯлоб», ҶСК «Суғдиён», ҶДММ «Ҷалолӣ», ҶДММ «Даврон — К», ҶСК «Сомон Кӯлоб — таҷҳизот», ҶДММ «Ориён Рустам» ва ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» корхонаҳои азими саноатӣ ба ҳисоб мерафтанд. Фаъолияти гус­турда доштанд ва ҳазорҳо шаҳрванди минтақаро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мекарданд. Мутаассифона, баъди хусусӣ гардидан бештари онҳо рӯ ба нестӣ оварданд. Ҳоло вазъ чӣ гуна аст? Оё соҳибмулкон тавони ба кор андохтани онҳоро доранд?

Барои ҷавоб гирифтан ба ин саволҳо аввал аз фаъолияти ҶСК «Сомон Кӯлоб — таҷҳизот» дидан кардем. Он дар маркази шаҳр ҷойгир буда, роҳбариашро Абдулмаҷид Саидов ба зимма дорад.

- Дар корхона қуттиҳо барои трансформатор, шпилкаҳои андозаашон гуногун, қуттиҳои партовпартоӣ, печҳои аловӣ, шкафҳои барқӣ ва дигар олоту таҷҳизоти оҳание, ки барои тракторҳои шудгоркунанда истифода мешаванд, истеҳсол мегарданд. Ғайр аз ин бо фармоиш қуттиҳои сӯхторхомӯшкунӣ омода мекунад, — гуфт сармуҳандиси корхона Шарофхуҷа Хоҷаев.

davНомбурда изҳор дошт, ки соли 2020 корхона бо ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб», ҶСК «Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб» ва КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ҳамкорӣ ба роҳ монда, ба маблағи 3 миллиону 893 ҳазору 474 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум  218 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

- Кунун дар корхона 32 нафар фаъолият намуда, музди миёнаи маоши онҳо 1113 сомониро ташкил медиҳад, — гуфт ӯ.

Аммо корхона дар назди буҷет беш аз як миллион сомонӣ қарзи андоз дорад, ки аз солҳои пешин боқӣ мондааст.

Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи феълии  ҶСП «Комбинати шири Кӯлоб»  хостем бо роҳбари он суҳбат намоем. Мутаассифона, касеро пайдо накардем. Марди солхӯрдае худро посбон муаррифӣ кард ва гуфт, ки ҳоло дар корхона касе нест. Он мавсимӣ амал мекунаду фаъолияти начандон хуб дорад. ҶСП «Комбинати шири Кӯлоб» аз соли 2010 хусусӣ гардида, аксар сехҳои он аз фаъолият бозмондаанд.

Азиз Сафаров сармуҳосиб, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сардори ҶСП «Комбинати шири Кӯлоб» аст. Ӯ зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки корхона аз фаъолият намондааст, балки муваққатан баъзе аз сехҳояш кор намекунад, чунки мавсимӣ аст. — Соли аввали фаъолият дар он зиёда аз 60 ҷавони шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Ҳоло 25 нафар фаъолият намуда, музди миёнаи маоши онҳо 400 — 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар фасли сармо бештар маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мекунем, — афзуд ӯ.

sdrКорхонаи ҶСК «Комбинати хонасозӣ», ки ба истеҳсоли қуму шағал, хишти сементӣ, пояҳои бетонӣ (симчӯб), новаҳои бетонӣ ва болопӯши хона (плита) машғул буд, ба ном фаъолият дорад. Лозим ба ёдоварист, ки то солҳои наздик дар он садҳо нафар фаъолият мекарданд. Ҳоло хусусӣ гардида, рӯ ба нестӣ овардааст. Таҷҳизоти корхонаро соҳибмулкон кандаю ба яғмо бурданд. Тибқи маълумоти Раёсати омори шаҳр, ҳоло дар он даҳ корманд фаъолият доранд. Ин дар ҳолест, ки соли 2018 соҳибмулкони корхона ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон қавл дода буданд, ки номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намуда, шумораи кормандонро ба 200 нафар мерасонанд. Афсӯс, ки ваъдаҳо танҳо дар рӯйи коғаз монданд. Инчунин, корхона бо ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» дар мувофиқа бо ШСХК «Барқи Тоҷик» шартнома баст ва мебоист, ки сутунпояҳои бетонӣ (симчӯб) истеҳсол кунад. Вале…

Тибқи маълумоти Нозироти андози шаҳри Кӯлоб, ҶСК «Комбинати хонасозӣ» айни замон аз буҷет беш аз 300 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» бо дастгирии Ҳукумати кишвар соли 2001 — ум аз тарафи корпоратсияи «Сомониён» муштаракан бо Ширкати «Око — Биланс» — и Австрия дар деҳаи Бахтобод (Чоқтемур)-и деҳоти «Зиракӣ»-и ноҳияи Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамон сол фабрикаи ресандагии «Кӯлоб — текстайл» ба кор шурӯъ намуд. Корхона бо ширкатҳои пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ дошт. Риштаи дар он тавлидшуда бештар ба хориҷи кишвар содирот мешуд. Айни замон аз тарафи ширкатҳои хитойӣ ба кор андохта шуда, дар он 50 нафар кор мекунанд.

ҶДММ «К — Даврон»-ро самти фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ аст. Роҳбари корхона Баҳром Рустамов буда, хостем бо ӯ ҳамсуҳбат шавем, вале ӯро низ дар ҷойи кораш пайдо накардем. Марди миёнасоле, ки дар назди дарвозаи корхона меистод, худро Ҳисайн — посбони корхона муаррифӣ карда, гуфт: «касе дар корхона нест, роҳбар баромадааст, бе иҷозати раис даромадан қатъиян манъ аст…». Файзулло Ҳалимов сармуҳосибии ҶДММ «К Даврон» — ро ба зимма доштааст. Вай зимни суҳбати телефонӣ зикр кард, ки: «Бо дастгирии соҳибкор Баҳром Рустамов корхона соли 2007 хусусӣ гардида, солҳои қаблӣ умуман фаъолият намекард. Таҷҳизоташро канда ба яғмо бурданд. Дубора ба кор андохтанд ва ҳоло дар он 22 нафар фаъолият доранд. Дар давраи коронавирус коргоҳ ду моҳ фаъолият накард ва беш аз 70 ҳазор сомонӣ зарар дид. Корхона бо мағозаҳои  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамкорӣ дошта, соли 2020 ба маблағи 504 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард».

ҶДММ «Авранг» ба истеҳсоли оби ҷав ва нӯшоба машғул аст. Он низ мавсимӣ амал мекунад.

- Ҳоло таъмир рафта истодааст. Моҳҳои апрел – май корро шурӯъ хоҳем кард. Дар давраи фаъолият то 10 нафарро ба кор ҷалб мекунем. Соли 2020 ба маблағи 78 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳол кардем, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум се ҳазор сомонӣ зиёд аст, — гуфт Абдусалом Раҷабов — роҳбари ҶДММ «Авранг».

davҶДММ «Ориён Рустам», ки ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ машғул аст, гӯё фаъолияти пурсамар дорад. Амриддин Рустамов, сарвари он изҳор дошт, ки «корхона даҳ намуд маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла ҳасиб, истеҳсол намуда, бо мағозаву марказҳои хизматрасонии шаҳру минтақаи Кӯлоб шартнома дорад. Дар маҷмӯъ, 18 нафар корманд фаъолият доранд. Бо сабаби хурӯҷи бемории сироятии коронавирус фаъолият соли 2020 андак суст шуд. Новобаста аз ин ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардем».

- Таҷҳизоти корхона муосир буда, аз хориҷи кишвар харидорӣ шуданд. Ният дорем, ки дар тобеияти корхона фермаи парандапарварӣ сохта, ашёи хоми корхонаро таъмин кунем, — афзуд  А. Рустамов.

ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» ва ҶДММ «Мармариён», ки самти фаъолияташон истеҳсоли равған аст, солҳо боз фаъолият намекарданд. Соҳибмулкони онҳо баъди дубора ба фаъолият пардохтан ваъда дода буданд, ки соли 2019 то дусад ҷойи нави корӣ таъсис медиҳанд. Мутаассифона, онҳо самти фаъолиятро дигар карда, фаъолияти хуб надоранд.

- Бо мақсади рушди соҳаи саноат дар шаҳри Кӯлоб соли равон чор корхона ва шаш коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 77 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, ҶДММ «Мурғи Хонобод» бо таъсиси 19 ҷойи нави корӣ, ҶДММ «Шараф — 2007» — 6, ҶДММ «Алиҷони Абдулвоҳид» ва ҶДММ «Сувайба — 2014» бо 16 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, — гуфта буд 15 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода.

Тибқи гуфтаи раис, соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 277,8 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 9,8 миллион сомонӣ зиёд аст.

Мувофиқи ҳисоботи сардори Раёсати омори шаҳри Кӯлоб Наргис Қурбонзода, шаҳр дорои 48 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аст, ки дар онҳо 874 кас фаъолият доранд. Ин дар ҳолест, ки солҳои шӯравӣ дар ин корхонаҳо ҳазорҳо нафар ба ҷойи кор таъмин буданд. Ба гуфти номбурда, ҶДММ «Мурғи Хонобод» ва ҶДММ «Шараф — 2007» ба Раёсати омор бобати як корманд доштан ҳисобот пешниҳод кардаанд. Чӣ гуна метавон ин қабил коргоҳро корхонаи саноатӣ номид? Дар таҳияи мақола то андозае роҳгум задем, чунки то ҳол ҳайронем, ки ҳисоботи сардори Раёсати омори шаҳрро  бовар кунем ё аз раисро?

Таассуфовар он аст, ки дар рӯйхати корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб, ки аз идораи омори шаҳр дастрас гардид, ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳр»-ро бо 300 нафар ҷойи корӣ корхонаи саноатӣ арзёбӣ кардаанд. Ба ҳамин тартиб, КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳр низ корхонаи саноатӣ «эътироф» шудааст.

Пас чӣ гуна метавон бо ҳисоботи бардурӯғ  соҳаи саноатро дар Кӯлоб тараққӣ дод?

Саҳлангорию хунукназарӣ нисбат ба корхонаҳои азими саноатии Кӯлоб то ба кай идома меёфта бошад?

Ба мавзӯъ боз бармегардем.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»