Қадамҷойи Носири Хусрав обод мегардад

№137 (3617) 05.11.2016

_SCN8014

Носири Хусрав (собиқ Бешкент) аз ҷумлаи ноҳияњоест, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 1996 таҳти №246 аз ҳисоби хурд кардани ноҳияи Шаҳритуз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфт ва рушд кард. Аз зиндагӣ ва меҳнати созандаи мардуми он суҳбате доштем бо раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон.

- Тавре мушоҳида гардид, бобати ободонӣ талоши зиёд ба анҷом расида, аз ҷумла, маркази ноҳия ба шаҳраки зебо табдил ёфтааст…

- Воқеан, дар солҳои ташкилёбӣ, ки ба давраи Истиқлолияти давлатӣ рост меояд, корҳои сохтмонӣ ривоҷ ёфт. Дар ин муддат биноҳои зиёди истиқоматӣ ва таълимӣ ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади иҷрои барномаҳои рушди маориф аз ҳисоби Барномаи Фонди Саудӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маркази ноҳия барои 640 ҷойи нишаст ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони хонаи истиқоматии 12 — ҳуҷрагӣ  идома дорад.

Беморхонаи марказии ноҳия соли 1996 ба фаъолият оғоз намуда, танҳо аз 3 шуъба иборат буд. Ҳоло дорои шуъбаҳои амрози дарунӣ, кӯдакона, сироятӣ, таваллудхона, қабулгоҳ,  ҷарроҳӣ  ва ёрии таъҷилӣ мебошад. Дар ҷамоатҳои деҳот 12 бунгоҳи саломатӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар танзими хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ саҳми бузург доранд. Соли 2015-ум дар маркази саломатии деҳоти «Комсомол» утоқи машварати занҳои қобили таваллуд ва кӯдак аз тарафи Ташкилоти байналмилалии «Ҳайати шавқат» кушода шуд ва бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардид. Ҳоло дар ноҳия 28 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 20 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд, ки беҳтарин дастоварди соҳаи тандурустии ноҳия дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мегарданд.

Инчунин, беморхонаи №1 аз тарафи ташкилоти ғайридавлатӣ бо маблағи 540 ҳазор сомонӣ, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо дастгирии соҳибкорон пурра аз таъмир бароварда шуд.

Дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ду мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум дар шаҳраки «Баҳор», Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» аз тарафи соҳибкорон, як нуқтаи шустушӯи мошин дар Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» ва бо дастгирии фонди Барномаи «Ҳамкории глобалӣ» сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи «Лолазор»-и Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» ба истифода дода шуд.

- Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна аст?

- Носири Хусрав 30 муассисаи таълимӣ дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 7945 хонанда таълиму тадрис мегиранд, ки 3911 нафари онҳо духтар мебошанд. Ба таълиму тарбияи онҳо 613 нафар омӯзгор машғуланд. Дар панҷ муассисаи томактабии ноҳия зиёда аз 280 кӯдак фаро гирифта шуданд.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки  ҷаҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  №1, 2, 3, 7, 11, 12, 18, 23 тибқи лоиҳаи ҳамкорӣ бо Барномаи «Ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф» ҳашт маркази инкишофи нутқи кӯдак ташкил шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд, ки дар онҳо 400 нафар кӯдак таълим мегиранд.

Бо мақсади дарёфт намудани варзишгарони беҳтарин дар байни ҷавонону наврасон мусобиқаҳои гуногун доир мешаванд. То ҷашни Истиқлолияти давлатӣ варзишгарони бомаҳорат дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, 13 нафар сазовори ҷойи якум, 9 нафар ҷойи дуюм ва 13 нафар ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.

- Кишоварзӣ бахши асосии ноҳия ба ҳисоб меравад. Чунки рушди он аз бисёр ҷиҳат ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ғанӣ гаштани буҷети маҳаллӣ мусоидат менамояд. Имсол ноҳия дар ин самт ба кадом дастовардҳо ноил гардид?

- Дар ноҳия шаш хоҷагии ёрирасон, хоҷагии ҷангал, 1590 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд мебошад. Майдони заминҳои корами обӣ ба 6404 гектар расидааст. Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли равон 66308,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9910,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Саршумори чорво дар ҳама шакли хоҷагидорӣ афзоиш ёфта, чорвои калон 16400 сар, моли  хурд 37320 сарро ташкил дод.

Кишоварзон имсол дар майдони 8129 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида,  нимсолаи аввали соли равон ҳосили баланди ғалладонагӣ, картошка, сабзавот ва ғайра ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки соли ҷорӣ  тибқи нақша 1500 тонна пешбинӣ гардид, 1696 тоннаро ташкил дод.

Дар рушди кишоварзӣ соҳибкорон саҳм доранд ва дастгирӣ меёбанд. Аз 117300 сомонӣ қарзи ба соҳаҳои хоҷагии халқдода 40 фоизи онро занон гирифтаанд, ки асосан дар зироаткорӣ ва чорводорӣ меҳнат менамоянд.

Пешравӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар омилҳо боиси барзиёд иҷро гаштани буҷети маҳаллӣ гардид. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба буҷети маҳаллӣ 2688956 сомонӣ ворид шуд, ки 101,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 112,1 фоиз  иҷро гашта, ба ҷойи 894635 сомонӣ 1003346 сомонӣ ворид гардид.

- Ноҳия дар минтақаи гармтарин воқеъ мебошад. Аз ин сабаб кори мураттаби иншооти ирригатсионӣ ҷиҳати бо об таъмин намудани аҳолӣ ва зироатҳои кишоварзӣ бояд зери назорати қатъӣ қарор дошта бошад…

- Фаъолияти мунтазами иншооти обрасон имкон медиҳанд, ки дар ноҳия сари вақт  кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, парвариши минбаъдаи онҳо ба роҳ монда шавад.

Соли ҷорӣ аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 33 километр шабакаҳои обёрикунанда, 7,2 километр заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ тоза карда шуд. 15 иншооти гидротехникӣ ва 15 адад обченкунак аз таъмир бароварда шуда, дар натиҷа, ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардид.

Барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз ҳисоби Маркази лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона 11,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, кор дар ин самт идома дорад. Бинои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони «Оби Чашма», «Оби Ҷайҳун» ва «Оби Корвон» ба истифода дода мешаванд.

Бо дастгирии Барномаи рушди оби нӯшокӣ дар маҳал бо маб­лағгузории 170 ҳазор сомонӣ кор аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Дар баробари ин, ба масъалаи кабудизоркунӣ аҳамияти ҷиддӣ дода  мешавад. Дар шаш моҳи соли равон 30 ҳазору 450 бех ниҳоли гуногуни сояафкан ва ороишӣ шинонда шуд.

Умуман, бо кумаку дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои созандагӣ идома доранд ва оянда он ба маҳали ободу хуррам табдил хоҳад ёфт.

Самариддин АСОЕВ, Аъзам Мӯсоев, «Садои мардум»