Тавре ба мо аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи санаду созишномаҳои ҳуқуқии ба мувофиқарасида ва дар ҳайати созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз пеш рушд карда истодааст.
Дар асоси «Нақшаи баргузории чорабиниҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои солҳои 2014–2015» моҳи августи соли 2014 дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой машқҳои муштараки низомии зиддитеррористӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2014»доир гардид.
Дар баробари иштироки мақомоти идории ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гуногуни давлатҳои аъзо, аз Тоҷикистон гурӯҳҳои фаврӣ ва ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машқҳои муштараки зиддитеррористӣ ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар шаҳри Пекин ҷаласаи сардорони ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо ҳамраисии Тоҷикистону Хитой доир гардид. Ҳайати мазкур ҳамчунин дар давраи ниҳоии машқҳои муштараки низомӣ иштирок намуд.
Инчунин бори аввал фестивали ҳарбии оркестрҳои ҳарбӣ-нафасии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои созмони мазкур баргузор гардид, ки дар он 56 нафар навозандагони оркестри ҳарбӣ-нафасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Тоҷикистонро дар ин машқҳои васеи низомии «Рисолати сулҳҷӯёна-2014» муовини якуми сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Тоҳир Хайруллоев роҳбарӣ кард.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Хитой аз соли 1994 инҷониб идома ёфта истодааст. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба омодакунии кадрҳои ҳарбӣ, баланд бардоштани тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи миллии ҳар ду кишвар, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ, таъмини бехатарӣ дар минтақа, муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштараки пайвастаи низомӣ амалӣ карда мешаванд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»