Ҷанбаҳои ҳуқуқии масоили амнияти миллӣ

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

Пеш аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ду воқеаи муҳим- Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ аз 24-уми августи соли 1990 ва эълони мустақилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарори он аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардид, ба вуқӯъ омада буданд. Аммо  Истиқлолияти давлатӣ таҳкими воқеан ҳуқуқии худро дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфт, ки он дар радифи шартҳои асосии давлатдории Тоҷикистон муайян гардидааст. Дар қисми 3-юми моддаи 7-уми  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта мешавад: «Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистнро давлат таъмин менамояд». Ин маънои онро дорад, ки истиқлолият чун соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ  яке аз ҳадафҳои асосии амнияти миллӣ маҳсуб мешавад, ки барои ҳифз аз ҳама гуна таҳдидҳо эҳтиёҷ дорад. Таҳкими конститутсионии истиқлолияти Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи фаъолияти қонунгузорӣ  хизмат мекунад, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.

Дар солҳои аввали истиқлолият бартараф кардани манбаъҳои дохилии терроризм, амалӣ намудани чораҳо оид ба огоҳонидан ва пешгирии экстремизм дар шумори вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти нави кишвар ба ҳисоб мерафт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 аз минбари олии Маҷмаи умумии СММ ҷомеаи байналмилалиро дар бораи пешомади хатари терроризм ҳушдор дода, давлатҳои ҷаҳонро оид ба муттаҳид кардани саъю кӯшишҳояшон дар мубориза бо ин зуҳуроти хавфнок даъват карда буд. Тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ, инчунин пружаҳои татбиқи онҳо, муборизаи фаъол ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, дигар навъҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бурда мешавад, ки ин падидаҳои номатлуб на танҳо ба Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Миёна, балки барои тамоми ҷаҳон хатар эҷод мекунад.

Сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси анъанаҳои таърихии ҳамзистии осоишта бо дигар халқу миллатҳо асос ёфтааст. Дар  моддаи 11-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ  ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст» .

Дар асри шакливазкунӣ ва ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ бисёре аз кишварҳо маҷбуранд ба равандҳои ҳамгироӣ ворид шаванд,  ки на ҳамеша ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ буда, ҷараёнҳои мухталифи манфии сиёсӣ, дигари ҷамъиятӣ ва иҷтимоиро  бармеангезанд. Мисоли равшан он аст, ки ин ҷараёну ҳаракатҳо аз пайи манфиатҳои кӯтоҳмуддат рафта, оид ба ояндаи манфиатҳои давлатдории миллӣ хулосаҳои зарурӣ намебароранд. Дар ин замина, моддаи 11-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дақиқан ҳуқуқҳои мустаснои манфиатҳои хоси миллиро муайян мекунад, балки интихоби васеи шариконро дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам месозад. Чунончӣ, тибқи он: «Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд».

Сиёсати имрӯзаи ҷумҳурӣ ба он ҷараёнҳои ҳамгироие равона шудааст, ки манфиатҳои миллии дигар кишварҳоро ба инобат гирифта, дар он қисмате муқобил меистад, ки боиси иваз ё таҳрифи арзишҳои анъанавии маънавӣ-ахлоқии миллат ва халқҳо мегардад.

Тоҷикистон нисбати давлатҳои ҳамсоя даъвои ҳудудӣ надорад, дар ҳалли ин қазия бомулоҳиза, аз роҳи гуфтушунид муносибат менамояд. Дар масъалаи муайянкунии сарҳади давлатӣ, ки тариқи истисноӣ соли 1991 дар давраи собиқ ИҶШС муайян шуда буданд, ба дарк ва дастгирии байналмилалӣ такя менамояд.

Барои исботи ин нукта, таъиноти низоми мудофиаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни диққат аст. Он ба мақсади эмин будан аз таҳдидҳои беруна ва таъмини амнияти миллӣ ташкил шудааст. Иштирок дар мақомоти муттаҳидаи амнияти дастаҷамъӣ, шарикӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байниминтақавии ҳарбӣ, ҳамкорӣ дар ин соҳа бо дигар давлатҳо танҳо ба мақсади ҳамин вазифаҳо ба миён омадаанд.

Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият мавқеи фаъолро вобаста ба дастгирии тавозуни экологӣ дар минтақа ишғол намуда, ташаббускори бисёр ҳамоишҳои байналмилалӣ, барномаҳо ва лоиҳаҳо дар соҳаи амнияти экологӣ, аз ҷумла масъалаҳои истифодаи оқилонаи табиат ва захираҳои обӣ мебошад. Ин ташаббус пурра аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид  пуштибонӣ ёфта, бисёре аз онҳо ҳамчун чорабиниҳои ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амнияти халқи он ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар кишвар (моддаи 6-ум) фаҳмида шавад. Дар шароити муосир амнияти миллӣ бояд чун ғояи якҷояшавӣ (интегратсионӣ) ногузир бошад. Барои ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ мавҷуданд. Баъд аз буҳроне, ки кишвари мо солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузаронид, амният ба сифати яке аз арзишҳои асосӣ ва муҳимтарин дониста шудааст. Аз ин хотир, ҳоло шумораи зиёди ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо масъалаҳои алоқаманд бо амнияти миллӣ машғул  мебошанд.

Амнияти миллӣ низоми мураккаб буда, дар худ чунин унсурҳоеро, ба монанди субъектҳои амнияти миллӣ, объектҳои амнияти миллӣ, хатари амнияти миллӣ, маҷмӯи қувва ва  воситаҳои барои таъмини амнияти миллӣ  зарурӣ дар бар мегирад.

Давлат субъекти асосии амнияти миллӣ  ҳисобида мешавад. Ин омил, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки таъмини амнияти миллӣ қатъиян аз тарафи давлат дар мақомоти он амалӣ мешаванд, ки ба онҳо дар соҳаҳои  гуногун ваколат дода шудааст. Чунончӣ, мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд… ». Усулҳои татбиқи онҳо ва дигар меъёрҳои конститутсионӣ пешбинӣ шуда, дар қонунгузории соҳавӣ, масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушаххас ва муайян шудааст.

Объектҳои асосии амнияти миллӣ шахсият- ҳуқуқ ва озодиҳо, ҷамъият- арзишҳои моддӣ ва маънавӣ, давлат — сохтори конститутсионии он, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ дониста мешаванд. Он оқибатҳои хатарнок дошта, ба манфиатҳои амният дар маҷмӯъ таҳдид мекунад. Ҳодисаҳо дар Украина, Ироқ, Лубнон ва Сурия, дар баробари дигар омилҳои таъсиррасон, то андозае натиҷаи чунин низоъ мебошанд. Омӯзиши таърихи муосири олам аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар асри бархӯрди шадиди манфиатҳои сиёсӣ-иқтисодие зиндагӣ мекунем, ки дар ҷараёни он соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлату миллатҳои хурд  амалан то дараҷаи диданашаванда маҳлул гаштаанд.

Дар шароити имрӯза таҳдидҳои асосӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  инҳоанд:

1. Низои доманадори ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вусъати фаъолияти ҳаракати «Толибон» дар шароити аз ин давлат баромадани қӯшунҳои эътилофи байналмилалӣ метавонад ба дигар шудани авзои минтақа ба таври ҷиддӣ таъсир расонад. Шадид гардидани таҳдидҳои мавҷуда ва зуҳури мушкилоти нав ва глобалии ҳозиразамон, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ғасбгароӣ,  ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ (сепаратизм), дигар хатар ва  таҳдидҳои хусусияти дохилӣ ва берунидошта.

2. Коҳиш наёфтани истеҳсоли маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон асос барои он шуда метавонад, ки нашъаҷаллобони ин кишвар бо истифода аз алоқаҳои худ ҳудуди Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказиро минбаъд низ барои интиқоли маводи мухаддир ба давлатҳои хориҷи наздик ва дур, инчунин тавассути давлатҳои зикргардида ба Афғонистон ворид намудани прекурсорҳо  барои истеҳсоли он фаъолона истифода баранд.

3. Мавҷудияти қувваҳои харобиовар, аниқтараш манбаи онҳо дар дохили минтақа, осебпазир будани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ зери таъсири ғояҳои гуногуни зарарноки динӣ ва дигари экстремистӣ, омилҳои дигар ва тамоюли ба он монанд.

Дилемаҳои давраи гузариш барои Тоҷикистон бо мушкилоти глобалии умумиҷаҳонӣ алоқаи зич доранд. Ҳалли онҳо, тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид 14-уми  сентябри соли 2006 таъкид намуд, аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза уҳдадориҳои гирифташуда дар бораи барҳам додани зӯроварӣ ва таъмини инкишофи умумиҷаҳонӣ, муқовимат зидди хавфноктарин таҳдидҳои байналмилалӣ, мисли терроризм, фурӯши маводи мухаддир ва одамон ҳамчун шакли нави ҳозиразамони ғуломдорӣ иҷро мешаванд, вобастагӣ дорад. Сарвари давлати тоҷикон ҷаҳониёнро ба ҳамбастагӣ дар истифодаи қувваҳо оид ба решакан намудани ин падидаҳои номатлуб, ки ба усули асосии муборизаи сиёсӣ ва қувваҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд, даъват намуд.

Аз нигоҳи мо, Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоти имкониятҳои иқтисодии худ, дар сафи пеши мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонии зикргардида  қарор дошта, содиқона ва пай дар пай уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро менамояд.

Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, дар баробари дигар унсурҳо, ҷойи махсусро дар таснифи хавфҳои овардашуда масоили алоқаманд бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ишғол менамоянд. Тасодуфӣ нест, ки  дар Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар омилҳои васеи хатарҳои дохилӣ ва берунӣ ба амнияти миллии мамлакат, зиёд шудани ҳолатҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид гардидааст.

Бо кӯшиши шахсии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 27-уми апрели соли 1999 дар Вена миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Протокол ба имзо расид. Самари он  таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда фаъолияти пурмаҳсул дорад. Дар баробари фароҳам намудани заминаҳои миллии ҳуқуқӣ ва сафарбариву ҳамоҳангсозии самараноки фаъолияти сохтори ҳифзи  ҳуқуқ бар зидди ин иллат, ташаббусҳои зидди маводи мухаддирии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба созмон додани «Тасмаи бехатарӣ», Эътилофи зидди маводи мухаддир, Маркази махсусгардонидашуда барои тайёр ва азнавтайёркунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Барномаи ягонаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки бо дастгирии СММ таҳия  гардида, аз ҷониби Сарвари давлат аз минбарҳои баланди байналмилалӣ расонида шудааст. Онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пурра дастгирӣ ёфта, ҳамчунин, шаҳодати сиёсати оштинопазири роҳбарияти мамлакат дар ин соҳа мебошад.

Ин омилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ асоси таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ваколат ва уҳдадориҳои конститутсионии субъектҳои ҳокимияти давлатиро дар таъмини амнияти миллӣ муқаррар намуда, ба ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат равона шудаанд.

М.Шафоатов, полковники адлия