Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ босуръат идома дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Турсунзода бо ин мақсад сохтмони иншооти тандурустию таълимӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ вусъати бесобиқа пайдо кардааст. Ҳар ҳафта бо иштироки Роҳбари гурӯҳ вобаста ба ҷашн дар шаҳри Турсунзода — котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардида, ҷараёни сохтмони иншооти банақшагирифташуда баррасӣ мегардад.
Тавре Абдуқодир Вализода иброз дошт, соли 2018 дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкорон ва сокинон 52 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар нимсолаи якуми соли равон 30 иншооти дигар ба истифода дода шуд. Ҳоло сохтмони 31 иншоот дар арафаи анҷомёбӣ буда, бархе то 9-уми сентябри соли равон, боқимонда рӯзҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Калонтарин иншооти ҷашнӣ — майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
- Баъди ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст ва сокинон бунёду таъмири 350 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифтанд, — мегӯяд муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода. — То ҳол сохтмону азнавсозии 82 иншоот ба анҷом расида, дар боқимонда кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Алалхусус, ба таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зиёд аст. Ин аст, ки бунёди 52 синфхонаи нав ба нақша гирифта шудааст.
Солҳои охир аз сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани Хонаи бачагони шаҳри Турсунзода тарбиятгирандагони он, ки сад нафарро ташкил медиҳанд, дар дигар мактабҳо таҳсил менамуданд. Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов бунёди муассисаи таълимии дуошёна оғоз гардид, ки то оғози соли таҳсили 2019-2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар он ғайр аз тарбиятгирандагони Хонаи бачагон, инчунин хонандагони болаёқати дигар мактабҳои шаҳр низ ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.
Бо ташаббуси Ҷӯрабек Муҳибов, ҳамчунин дар деҳаи «Истиқлол-1» бунёди мактаби дуошёна босуръат идома дорад. Раиси ҷамоати деҳоти «Навобод»-и шаҳри Турсунзода Нурулло Турсунов иброз дошт, ки сохтмони пурра азнавсозии мактаб маҳз бо иқдоми Маҳмадалӣ Ватанзода сурат гирифт.
- Зимистони соли равон ҳангоми боздид аз муассисаҳои таълимӣ М. Ватанзода ба МТМУ №26 ташриф оварда, дар вақти ошноӣ бо шароити таҳсили хонандагон бӯи нохуши иморати намноки мактабро эҳсос карда, мақсад гузоштанд, ки бинои он пурра вайрон ва дар ҷояш иморати нави дуошёна сохта шавад. Ҳамин тавр, боғи куҳнаи шафати иморати пешинаи мактаб ба лоиҳа ҳамроҳ гардида, тарҳи бинои нави муассисаи таълимии иборат аз 20 синфхона таҳия карда шуд, — гуфт Н. Турсунов.
- Бинои мактаб соли 1936 сохта шуда буд, — ба суҳбат ҳамроҳ гардид директори МТМУ №26 Диловар Пирназаров ва илова намуд: — Дар оғоз он ҳамчун аспхонаи хоҷагӣ хизмат мекард. Сипас, хоки фарши онро як метр кофта, ба берун бароварда, солҳои зиёд ҳамчун мактаб истифода мебурданд. Ташаккур ба М. Ватанзода, ки масъалаи пурра навсозӣ кардани онро ба миён гузошт. Зеро то он дараҷа дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, ки як қисми девори синфхонаҳо баъди кандани болорҳо бе ягон кӯшиши иловагӣ аз сабаби намнокии зиёд чаппа шуданд. Агар сари вақт бартараф намешуд, фалокате рӯй доданаш мумкин буд.
Дар сохтмони иншоот 23 нафар машғули коранд. Сокинони маҳаллаҳои «Истиқлол-1» ва «Истиқлол-2» ихтиёрӣ ба бинокорон дар кашонидани масолеҳи сохтмонӣ ва омода кардани хӯрок кумак мерасонанд. Ҷӯйе, ки аз пушти бинои мактаб ҷорӣ буд, пурра таъмир карда шуд. Саҳни мактаб то якуми сентябри соли равон тахту ҳамвор ва гулпӯш карда мешавад. Ҳоло аҳли деҳа бесаброна оғози соли нави таҳсилро интизоранд. Зеро орзуи 75-солаи онҳо амалӣ шуда, шоҳиди ифтитоҳи мактаби дуошёнаи хуштарҳ мегарданд.
Яке аз ҳадафҳои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ мебошад. Дар ин ҷода иқдоми ҶДММ «Сардор-2008» (директори генералиаш Шавкат Мадраҳимов) сазовори таҳсин аст. Бо ташаббуси ин ширкат сохтмони корхонаи маҳсулоти хӯроквории «Симба» дар арафаи анҷомёбист. Дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли ҷувории ширин, сақич, офтобпарасти бирён, нонпораҳои хушк ва картошкабирёни хушк ба роҳ монда мешавад.
- Мо ашёи аввалия (картошка, ҷуворӣ)-ро аз хоҷагиҳо дастрас намуда, офтобпарастро аз Федератсияи Россия ворид хоҳем кард. — Таҷҳизоти корхона аз Украинаю Хитой ва Федератсияи Россия ворид мешаванд, — гуфт намояндаи ширкат Шуҳрат Мадраҳимов.
Пас аз ба фаъолият шурӯъ намудани корхона 150 нафар дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар деҳаи Байналмилали деҳоти «Регар» бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони маҷмааи сеошёнаи хизматрасонию фароғатӣ дар марҳилаи анҷомёбист. Ба гуфтаи устои сохтмон Комилҷон Қироатов, дар ошёнаи якуми иморат сехи дӯзандагӣ, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, мағоза, нонвойхона, дӯкони гӯштфурӯшӣ сохта мешавад. Дар ошёнаи дуюм тарабхона ва ошёнаи сеюм толори варзишӣ хоҳанд шуд. Саҳни иморати хуштарҳро дарахтони ороишӣ зеб хоҳанд дод.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, ки зимни азназаргузаронии иншооти ҷашнӣ моро ҳамроҳӣ кард, иттилоъ дод, ки то 9-уми сентябри соли равон дар маҳаллаи 4-уми шаҳр се иморати 7-ошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода мешавад. Онҳо бо маблағи соҳибкорон сохта шуда, дорои майдончаи варзишӣ мебошанд ва аз манзилҳои 1, 2 ва 3-ҳуҷрадор иборатанд.
Ҳамчунин, аз буҷети давлатӣ бунёди амфитеатр ва мактаби бачагонаи санъат дар маркази шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим сохтмони боз 6 майдони бозиҳои кӯдакона, 4 толор ва 12 майдончаи хурди варзишӣ низ дар назар аст.
Саъю талоши ватандӯстонаи роҳбарият ва сокинони шаҳри Турсунзода баҳри созандагӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нақшаҳои базиммагирифташуда сари вақт ва бо сифати хуб иҷро гардида, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо сазовор ҷашн гирифта хоҳад шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ