Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№40 (4146) 02.04.2020

Аъзои Шӯрои федератсия аз сафар ба хориҷа бояд худдорӣ кунанд

5afd9cb8370f2cc6718b45adДар Шӯрои Федератсияи Россия ба қароре омаданд, ки як муддат аз сафар ба хориҷа худдорӣ кунанд.

Раиси Шӯро Валентина Матвиенко зимни яке аз ҷаласаҳо иброз дошт, ки ин тадбир вобаста ба паҳншавии коронавирус андешида шудааст. Валентина Матвиенко, ҳамчунин, таъкид кард: «Бо вуҷуди он ки вазъият он қадар одӣ нест, зарурати воҳима кардан ҳам нест. Бояд чораҳои пешгирикунандаро андешем».

«ТАСС»

Вайронкунандагони талаботи карантин муҷозот мешаванд

31 марти соли равон Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия дар хониши сеюм қонун қабул кард, ки муқаррароташ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан зимни риоя накардани карантин рабт дорад. 

gosduma-640x415Ташаббускорони он раиси Думаи давлатӣ В. Володин ва раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сохтмон П. Крашениников мебошанд. Тибқи қонун, вайронкунандагони талаботи карантин аз 500 ҳазор то як миллион рубл ҷарима  ё се сол аз ҳуқуқи ишғоли вазифаи давлатӣ ва ба ҳамин муддат аз озодӣ маҳрум мегарданд.

 Агар қонунувайронкунӣ хавфи сироятёбии дигаронро ба вуҷуд орад, мутаносибан муҷозоти  зикршуда ба  ду миллион рубл ва панҷ сол мерасад. Дар сурати ҳалокати ду нафар ва зиёда аз он муҳлати максималии аз озодӣ маҳрум намудани ашхоси талаботи карантинро риоянакарда ҳафт сол хоҳад буд.

«РИА Новости»

Думаи давлатӣ ба тартиби нави кор оғоз менамояд

 2Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия вобаста ба паҳншавии  коронавирус тартиби корро дигар мекунад. Аз ҷумла, чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд карда мешаванд.

- Бовар дорам, ки ҳамкорон  сабаби ин иқдомро мефаҳманд. Хуб мебуд, ки дар чунин вазъият лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кумитаҳо бояд ҷиддитар баррасӣ гарданд, — иброз доштааст Вячеслав Володин.

«ЛЕНТА. РУ»

Думаи давлатӣ барои мубориза бо коронавирус тадбир меандешад

Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар ҷаласаи пленарӣ қайд кард, ки якҷоя бо Сарвазири мамлакат Михаил Мишустин  ҳамкориҳои парламент ва ҳукуматро барои ҳимояи шаҳрвандон аз коронавирус баррасӣ менамоянд.

1Дар доираи ин тадбир муовини якуми Раиси Думаи давлатӣ  Александр Жуков ба ҳайати Шӯрои мубориза бар зидди коронавирус шомил карда шуд. Танзими нархи маҳсулоти талаботи аввалия, дору ва таъмини оромии ҷомеа аз ҷумлаи масъа­лаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.

Ширкати ТВ Шӯрои Федератсия «Вместе – РФ»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»