Истеҳсоли сару либоси ягонаи мактабӣ
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст.
Се моҳ мешавад, ки дар маркази шаҳр филиали корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Ёқут-2000» фаъолият карда истодааст. Айни ҳол дар ин ҷо 500 нафар занону духтарон бо кори доимӣ ҷалб гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат тасмим гирифтааст, ки дар ин корхонаи навтаъсис дӯхти либосҳои мактабиро ба роҳ монад. Тибқи нақша дар ин коргоҳ барои 60 ҳазор хонанда сару либоси ягонаи мактабӣ истеҳсол карда мешавад.
Аллакай корхонаи мазкур аз матои пахтагини ватанӣ сару либоси ягонаи мактабӣ истеҳсол карда, тавассути ташкили ярмарка пешниҳоди харидорон намудааст.
Дар ярмарка ҳамарӯза кормандони соҳаи маорифи шаҳр, падару модарон ҳамроҳи фарзандони мактабхонашон иштирок намуда, аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона харидорӣ менамоянд.
Кормандони ҶДММ «Ёқут- 2000» тибқи нақша то фарорасии соли нави хониши 2014- 2015 бояд барои хонандагони ҳама синну соли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ваҳдат сару либоси ягонаи мактабиро омода кунанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Корхонаи нави асфалтбарорӣ
Яке аз мушкилоти асосие, ки идораҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон доранд, набудани корхонаи ҳозиразамони асфалти пухта аст. Аз ин рӯ, ҳангоми бунёд ва таъмиру тармими роҳҳо онҳо маҷбур буданд, ки ё асфалти хомро ба кор баранд, ё ин ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо мақсади азнавсозии роҳҳо асфалти пухта биёранд.
Хушбахтона, бо кумаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории ҳукумати Япония ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Тавре ба мо раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хуҷамурод Фазлиддинов иттилоъ дод, корхонаи мазкур дар ҳудуди ноҳия бунёд карда шуд. Иқтидори корхонаи нав истеҳсоли 35 тонна асфалти пухта дар як соат буда, барои бунёди он 13 миллиону 200 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Ҳангоми бунёди ин корхона мутахассисони варзидаи япониву тоҷик аз навтарин техникаю таҷҳизот истифода бурдаанд. Бунёди чунин корхонаҳои нав имкон медиҳад, ки нафарони зиёд соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гарданд.
Давлат Султонов, «Садои мардум»
«Саёҳат»-и журналистон дар фурудгоҳ
Одатан нишастҳои матбуотии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ғайриодӣ мегузарад. Ин дафъа низ пеш аз нишаст намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба саёҳат даъват карданд. Саёҳат дар як гӯшаи майдони парвозу фуруди тайёраҳо, ки он ҷо техникаҳои навтарин ба намоиш гузошта шуда буд, сурат гирифт.
Тавре маълум гардид, 134 мошину механизмҳои нави замонавӣ харидорӣ гардидааст, ки назирашон дар Осиёи Миёна нест.Роҳбарону мутахассисон ин техникаро, ки бевосита аз корхонаҳои муътабари Аврупо дастрас гардидааст, ба журналистон муаррифӣ карданд. Баъди саёҳати яксоата, дар яке аз толорҳои фурудгоҳ бо иштироки роҳбарият суҳбати озоду ошкоро баргузор гардид.
Журналистон ба он таваҷҷуҳ карданд, ки директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов, ки якчанд рӯз пеш ҳамзамон директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» таъин шуда буд, корро аз чӣ оғоз кардаву чӣ нақшаҳо дорад.
-Нахуст кореро, ки анҷом додем, пардохти музди меҳнати семоҳаи кормандони ширкат мебошад, ки ба таъхир афтода буд. Ҳамзамон барои ба танзим даровардани парвози тайёраҳо тадбирҳои аввалинро андешидем. Корҳо зиёданд ва албатта, саъй мекунем, ки ҳамроҳ бо аҳли кормандон мушкилотро ҳал ва обрӯи ширкатро баланд бардорем,- мухтасар ҷавоб дод Р. Холиқов.
Доир ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ширкат зикр гардид, ки маблағи дар ин муддат ба буҷет гузаронида 33,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Вазифаҳои муҳиме, ки соли ҷорӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» анҷом дода мешавад, ба истифода додани терминали нав барои мусофирон, оғози сохтмони терминали боркашонӣ, такмили сохтори фурудгоҳ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо маҳсуб меёбанд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта зиёд мегарданд
-Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 835 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқамандро ошкор намудем, — гуфт директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб.
Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 66 адад зиёд аст. Аз ин шумора 245-тоаш ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 317-тоаш қаллобӣ, 23 адад ҷиноятҳои сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 66 адад ҷиноятҳои гирифтан ва додани пора, 10 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 23 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ мебошанд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 245-тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ташкил додааст.
Маблағи зарари молиявӣ бо ҷиноятҳои ошкоргардида 62.167.822 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2013 ба маблағи 6.967.587 сомонӣ бештар мебошад. Аз ин ҳисоб маблағи 17.366.187 сомонии он рӯёнида шудааст.
Дар ин давра ҷиҳати пешгирии хариду фурӯш, истифодаи ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсимоти замин тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, 130 адад ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст.
Давоми нимсолаи якуми соли 2014 аз ҷониби мақомоти тафтишотии Агентӣ 418 парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул карда шуд ва тафтиши 310 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 367 нафар ба итмом расид. Аз ин ҳисоб тафтиши 268 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 317 нафар бо фикри айбдоркунӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шудааст. Теъдоди парвандаҳои ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ ба анҷом расида назар ба ҳамин давраи соли гузашта 15 адад зиёд мебошад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Ҳамкориҳо вусъат меёбанд
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки аз ҷониби кормандони Марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва соҳаҳои дигари идоракунӣ таҳия ва нашр гардид. Аз ҷумла китобҳои «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир» (қисми якум), «Вазъи ҳуқуқии бедаракгумшудагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Истилоҳоти соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) нашр шуданд.
Ҳамзамон дар Марказ Консепсияи рушди қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ба анҷом расида, лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
- Бояд гуфт, ки 5 майи соли равон баҳри таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳузури президентони ду кишвари бо ҳам дӯст- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон ба имзо расонида шуд,- гуфт дар хотима Маҳмад Раҳимзода.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»
82 санҷиши аудиторӣ дар шаш моҳ
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки навтаъсис мебошад, аввалин маротиба нишасти матбуотӣ доир намуд.Зимни ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли ҷорӣ раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек иттилоъ дод, ки дар ин давра дар вазорату идораҳо, марказҳои идораи барномаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 82 санҷиш гузаронида, 14 миллиону 14 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1 146,6 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2 398,1 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 3555,5 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 16,2 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 578,7 ҳазор сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 6 миллиону 288,8 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 30,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Номбурда зикр кард, ки дар рафти санҷишҳои аудиторӣ 9 987 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор карда шуд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Созишномаҳои нав ба маблағи 53,4 миллион доллари ИМА
29 июли соли ҷорӣ нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нишастро раиси кумитаи мазкур Қодири Қосим оғоз намуда, муовини якуми раиси кумита Лочин Файзуллоев нишондиҳандаҳои фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишварро муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо шарикони рушд шаш созишномаи нав бо маблағи умумии 53,4 миллион доллари ИМА ба имзо расид, ки 40,3 миллион доллари ИМА ё 75,5 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати якуми июли соли 2014 портфели лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти ихтисори лоиҳаҳои анҷомёфта ва ворид намудани лоиҳаҳои нав аз 12 лоиҳаи қарзӣ, 23 лоиҳаи грантӣ ва 12 лоиҳаи муштараки қарзу грант иборат буда, маблағи умумии онҳо 8,75 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
-Лоиҳаҳо зиёда аз даҳ соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар гирифта, дар таркиби онҳо маблағҳои қарзӣ 40,73 фоиз, маблағҳои грантӣ 49,23 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,72 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла ҳиссаи ширкатҳои давлатӣ 1,33 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур то якуми июли соли ҷорӣ 4,72 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 53 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад-гуфт Лочин Файзуллоев.
Масъулин иттилоъ доданд, ки давоми шаш моҳи соли 2014-ум 73 адад воситаҳои асосии давлатӣ, ки барои аз эътибор соқит кардан пешниҳод шуда буданд, бо нархи ибтидоии 228 ҳазор сомонӣ ба фурӯш бароварда шуда, 981 тонна пораву партовҳои сиёҳ ва 16,6 тонна пораву партовҳои металлҳои ранга бо нархи ибтидоии 667 ҳазор сомонӣ ба савдои музоядавӣ пешниҳод гардидаанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Воридоти мол афзудааст
-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 17 879,2 миллион сомонӣ баробар гардида, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоизро ташкил дод. Сохтори ММД бо чунин тарз ташаккул ёфт: истеҳсоли молҳо 34,7 фоиз, хизматрасонӣ 48,9 фоиз.
Бино ба гуфти муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Бӯриев дар семоҳаи якуми соли 2014 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ ба маблағи 89,3 миллион доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,3 фоиз зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 307,3 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ, мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ барои 4114 нафар хонанда ва дармонгоҳҳо барои қабули 193 нафар дар як баст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин давра ба буҷети давлатӣ 6 миллиарду 28 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои қисми даромади он дар сатҳи 102,4 фоиз таъмин шуд. Гардиши савдои хориҷӣ бо 88 мамлакат идома ёфта, ба 2 892,7 миллион доллари ИМА баробар гардид. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти мол 14,8 фоиз кам шуда, воридоти мол 23,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ш. Солеҳ, «Садои мардум»
Ноуҳдабароҳо аз вазифа озод ва нисбати гунаҳкорон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Бисту панҷуми июли соли равон нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Директори Агентии мазкур Гулнора Ҳасанова иброз дошт, ки то якуми июли соли равон субъектҳои бақайдгирифташуда 357 ҳазор ададро ташкил намудааст. Дар ин давра 120,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ барҳам хӯрдааст, ки аз он 117,9 ҳазораш соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Айни замон 236,6 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 229,7 ҳазор ададаш ба «Равзанаи ягона» рост меояд. Аз шумораи умумӣ 38,6 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ, 360 филиал-намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва 197,7 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки нимсолаи якуми соли ҷорӣ коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзӣ шурӯъ шуда, бо ин мақсад 136 нафар кормандони муваққатӣ ҷалб гардидаанд.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба ҷой доштани изофанависӣ дар бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ намуданд. Гулнора Ҳасанова зикр кард, ки бо сабаби кам будани шумораи кормандони соҳаи омор дар маҳалҳо баъзан чунин камбудӣ ба миён меояд. Мавсуф иттилоъ дод, ки бинобар ғайриқаноатбахш будани раванди фаъолият роҳбарони шуъбаву бахшҳои бист шаҳру ноҳия иваз карда шуданд. Дар ин радиф, бинобар изофанависӣ дар истеҳсоли пахта, нисбати кормандони шуъбаҳои омори ноҳияҳои Хуросон, Восеъ ва Ёвон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Роҳбарони бахши омори ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт ва Тоҷикобод барои чунин камбудӣ дар кишти картошка аз вазифаҳояшон озод шудаанд.
А. ШАРИФ, «Садои мардум»
Фурӯши маводи психотропӣ пешгирӣ шуд
Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Маҳмудов гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2014 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 628 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба қайд гирифтанд, ки он аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда панҷ фоизро ташкил медиҳад. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 287 кг 149 гр. маводи нашъаовар мусодира гардид. Агар дар соли 2010 ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирагардида 3 902 кг-ро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2013-ум 6 686 кг-ро ташкил медиҳад, ки 71,3 фоиз зиёд мебошад.
Аз тарафи Агентӣ фаъолияти 17 гурӯҳи ҷинояткор, ки ба онҳо 42 нафар шомил буданд, қатъ карда шуд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд як нафар сокини Душанбе ва се нафар сокини вилояти Суғдро ҳангоми фурӯши 1106 дона ҳаби психотропии МДМА дастгир намуданд. Нархи ҳабҳо 10 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил намуд. Гурӯҳи ҷинояткор ҳабҳоро аз кишварҳои Аврупо харидорӣ намуда, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд интиқол намудааст, то ки дар байни ҷавонон дар марказҳои дилхушӣ паҳн кунанд. Моҳи июли соли 2014 бо қарори Суди шаҳри Хуҷанд онҳо ба муддати аз 8 то 12 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Шуъбаи тафтишотии Агентӣ 100 парвандаи ҷиноӣ оғоз ва 52 парвандаро нисбати 73 нафар ба суд равон кард. Шаш шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир шуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Факултети педиатрӣ – падидаи нав дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Убайдулло Қурбонов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки моҳи сентябри соли равон дар донишгоҳ факултети нав – педиатрӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд. Бино ба гуфти мавсуф, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд роҳандозӣ намудани фаъолияти факултети нав тамоми имконот мавҷуд аст.
Натиҷаи сессияи зимистона маълум намудааст, ки дарсазхудкунии донишҷӯён нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шаш фоиз зиёд гаштааст.
Ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли таҳсили 2013-2014 маълум сохтааст, ки теъдоди донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло ва хубу аъло онро ҷамъбаст кардаанд, 1480 нафар (25,3 фоиз) мебошад. Ин нишондиҳанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дараҷаи дарсазхудкунӣ ва сифати дарсазхудкунӣ дар донишгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст.
Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 148 нафар донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ шудаанд.
Убайдулло Қурбонов аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки кормандони кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар радифи корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ, фаъолияти ташхисию табобатиро низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудаанд. Дар ин давра аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 31658 беморон ёрии табобатию машваратӣ расонида шудааст. Барои мисол, дар кафедраҳои марбута 7786 амалиёти ҷарроҳӣ иҷро шудааст. Ҳамчунин аз тарафи устодони варзидаи донишгоҳ тариқи авиатсияи санитарӣ ба 60 нафар бемор дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ кумак расонида шуд.
Дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ ба 7974 ниёзманд ва Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и донишгоҳ ба 793 беморон кумаки ташхисию табобатӣ расонида шудааст, ки ин омил далели возеҳи пурмаҳсул будани фаъолияти ташхисиву табобатии аҳли донишгоҳ аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»