Аз нишастҳои матбуотӣ

№100 (3401) 28.07.2015

723367968Дар шаш моҳ панҷ ҳазор ҳисоботи оморӣ

-Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ панҷ ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуд,- иттилоъ дод дар оғози нишасти матбуотӣ директори Агентӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа.

Вай ҳамзамон зикр намуд, ки бо пешниҳоди  Агентӣ барои шаффофияти ҳисобот ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада аз ҷониби як қатор вазорату идораҳои дахлдор  Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Аз тарафи Гурӯҳи корӣ ба омори саноатӣ диққати махсус дода, барои ба ҳисобот пурра фаро гирифтани корхонаҳо аҳамияти зарурӣ зоҳир гардид. Дар давраи сипаригардида рӯйхати корхонаҳои амалкунанда аз нав таъсис дода, якҷоя бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумотҳои низоми «Равзанаи ягона» тибқи Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодии корхонаю ташкилотҳо ва тобеияти идоравӣ такмил дода шуданд.

Мавсуф  мувофиқа намудани маълумотҳои омори савдои хориҷиро самти афзалиятнок арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки  бо мақсади такмил додани методологияи баҳисобгирии омори гардиши савдои хориҷӣ бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 апрели соли 2015 мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини бахши тиҷорати Федератсияи Россия, сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар бахши савдои хориҷии Тоҷикистон шарикони асосӣ мебошанд, вохӯриҳо баргузор намуданд.

Зимни таҳлили фаъолияти гуногунҷанбаи Агентӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми нимсолаи аввали соли 2015  роҷеъ ба соҳибкорӣ дар нақлиёти боркашонӣ ва мусофиркаш, хароҷоти донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар таълимгоҳҳо, фаъолияти бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории нақлиёти автомобилӣ ва ғайра тадқиқотҳои интихобӣ гузаронида шуд.

Аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ахбороти муфассал роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳа, ба хабарнигорон маълумотнома оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 пешниҳод карда шуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Ҳиссаи саноат дар ммд афзудааст

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 5 миллиарду 415,5 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш ба 114,2 фоиз баробар шуд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ афзудааст. Гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби корхонаҳои азим, аз қабили ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», Артели заршӯйии «Одина»,  КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», ҶСК «Сементи Тоҷик», ҶММ «Хуаксин Ғайюр Семент» ва ғайра зиёд шуд. Шавкат Бобозода зикр кард, ки аз 1252 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳи январ-июни соли ҷорӣ 661 корхона (52,8 фоиз) суръати афзоишро таъмин намуда, 298 корхона (23,8 фоиз) суръати афзоишро таъмин накарданд ва 293 корхона умуман фаъолият надошт. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра якчанд корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли молу маҳсулоти навро ба роҳ монданд. Дар ҶСП «Новселмаш» коргоҳи истеҳсоли обгармкунак ба фаъолият шурӯъ намуд. КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» чор намуди маҳсулоти рақобатпазири заргарӣ, ҶСК «Тамохуш ЗГМИ»-и шаҳри Исфара истеҳсоли шиша, ҶСП «Комбинати шир»-и шаҳри Душанбе истеҳсоли 24 намуди маҳсулоти ширӣ, ҶДММ «Маколлӣ» се намуд маҳсулоти макаронӣ, ҶДММ «Файзи Масчоҳ» тавассути коркарди пӯст ва истеҳсоли чарм истеҳсоли тасмаҳои мардонаро ба роҳ монданд.

Дар нишаст доир ба самтҳои дигари фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Ниятҳои роҳбарияти нави БМТ нек ва азмашон қавист

Дар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 21 июли соли 2015 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон баргузор гардид, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, низоми пардохт, афзоиши пасандозҳо, қурби пули миллӣ, таҷдиди сохтори Бонки миллии Тоҷикистон, назарпурсиҳо, Барномаи солимгардонӣ барои солҳои 2015-2019 ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ибтидои  нишаст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли равон ноустувории нарх дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ ба суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расониданд. Дар натиҷа, ноустувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон мушоҳида гардид. Сарфи назар аз ин тағйирот, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар давраи баррасишаванда тамоюли нисбатан муътадил дошт. Аз суханронии Ҷамшед  Нурмаҳмадзода  иттилоъ гирифтем, ки дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ сатҳи таваррум 2,6 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ кам мебошад. Буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳишёбии талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуданд.Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,1 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 2,8 фоиз ба вуқӯъ пайвастааст. Дар баробари ин, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 5,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Дар раванди нишаст журналистон аз афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуданд, ки ин омил, пеш аз ҳама, ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсӣ дар Федератсияи Россия ва ноустувории рушди иқтисодиёти шарикони асосии савдо вобастагӣ дорад. Ҳолати мазкур дар навбати худ боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва лаппишҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст.

Зикр шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо  мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо барои таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар дар доираи қонунгузории ҷорӣ дар самти таъмини муътадилӣ ва қобилияти харидорӣ, танзиму назорати иҷрои меъёрҳо ва тартибу қоидаҳои анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор мунтазам тадбирҳо андешида истодааст.

Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки  Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро амалӣ намуда, баҳри нигоҳдории сатҳи зарурии ҳаҷми пул дар муомилот, муътадилии сатҳи таваррум ва маҳдуд намудани тағйирёбиҳои бемайлони қурби асъор фаъолияти худро тавсеа бахшидааст.  Дар ин замина,  меъёри бозтамвил бетағйир — дар сатҳи 8,0 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ мутаносибан  дар сатҳи 2,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона қарор доранд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»