2 марти соли равон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим баргузор гардида, зимни он ҳамкориҳои тиҷоратии байни ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳама самт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг густариш меёбад.
Дар робита ба тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон қайд гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи кишварҳо дар ин самт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот вуҷуд дорад.
Аз ҷониби Тоҷикистон барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо якчанд пешниҳод, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ манзур гардиданд.
Ҷониби Афғонистон низ барои боз ҳам беҳтар намудани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон