Ҳамасола бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои марбута барои беҳтар гузаронидани рӯзҳои таътил ва истироҳати наврасону кӯдакон шароити мусоид фароҳам месозанд. Шурӯъ аз моҳи июни соли ҷорӣ истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дарҳои худро ба рӯи мактаббачаҳо боз намуданд.
Чанде пеш Истироҳатгоҳи фароғату солимгардонии кӯдакону наврасони «Чайка», ки дар тобеияти Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба фаъолият оғоз намуд.
Дар ифтитоҳи истироҳатгоҳ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одинаев иброз дошт, ки кӯдакон ояндаи Ватану миллат мебошанд. Аз ин рӯ, истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон бояд дар сатҳи хеле баланд ва сол ба сол беҳтару хубтар ташкил карда шавад.
Бояд тамоми камбудию нуқсонҳои ҷойдоштаи истироҳатгоҳ рафъ шаванд, то истироҳати онҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд таъмин гардад.
Сардори Истироҳатгоҳи фароғату солимгардонии кӯдакону наврасони «Чайка» Шамсиддин Расулов ба роҳбарияти Кумита ташаккур баён кард. Ӯ изҳор дошт, ки мавсими навбатии истироҳату солимгардонии бачаҳо дар ин ҷо аз 16 июни соли ҷорӣ дар чор баст, ҳар кадоме иборат аз 320 нафарӣ ба роҳ монда мешавад. Панҷоҳ нафар мутахассисон барои расонидани хизматҳои гуногун ба истироҳаткунандагон ҷалб ва бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин карда мешаванд. Дар истироҳатгоҳ барои дилхушии бачаҳо ва рафъи хастагии онҳо намудҳои гуногуни мусобиқаҳои варзишӣ ташкил шудааст, ки дар тарбияи ватандӯстии насли наврас нақши хеле назаррас доранд. Ба мактаббачаҳо дар як рӯз чор маротиба хӯроки гарм дода мешавад.
Ба гуфти муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Бахтиёр Абдуллоев, Истироҳатгоҳи фароғату солимгардонии кӯдакону наврасони «Чайка» 83 сол аст, ки фаъолият менамояд. Шуҳрати лагер пеш ҳам хеле баланд буд. Ҳанӯз соли 1934 аввалин гурӯҳи наврасон вориди он шуда буданд.
Мавриди зикр аст, ки ин истироҳатгоҳ дар дараи Варзоб ҷойгир буда, масоҳати ҳашт гектар заминро дар бар мегирад. Масъулин бо истифода аз табиати нотакрори ин мавзеъ барои фароғати бачаҳо шароити заруриро фароҳам овардаанд. Ба гуфти масъулони соҳа, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 1945) истироҳатгоҳ ба шифохонаи ҳарбӣ ва осоишгоҳ барои захмиёни ҷанг мутобиқ гардонида шуда буд.
Баробари кушодашавии мавсими навбатии Истироҳатгоҳи фароғату солимгардонии кӯдакону наврасони «Чайка», Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳа аз рӯи якчанд намуд бозиҳои варзишӣ, аз ҷумла волейбол, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ, ки ҳамасола гузаронида мешавад, аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дастаҳои варзишӣ ширкат варзиданд.
Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»