Мо ва хонанда

Чоҳҳои «Чагам» барқарор мегарданд

№7 (3957) 17.01.2019

Чанде пеш сокини деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Давлати Латифӣ, ки дар байни мардум ҳамчун ҳаҷвнигор шуҳрат дорад, меҳмони идораи рӯзнома гардид. Номбурда ғолиби озмуни «Лутфи латиф» (соли 2006) буда, фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси корманди соҳаи савдо оғоз намудааст. Пас аз хатми Коллеҷи молия ва иқтисод дар Вазорати молия низ фаъолият дошт. Вале дар даврони нооромиҳо бекор монда, ба деҳа баргашт.

Давлати Латифӣ изҳор намуд, ки 1 январи соли 2019 сокинони деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ду ид доштанд: Соли нав ва аз нав мавриди истифода қарор гирифтани чоҳ. Оре, кушодашавии чоҳ низ барои онҳо ид аст, шояд муҳимтар аз Соли нав. Зеро солиёни зиёд сокинони деҳа ва гирду атрофи он аз норасоии об танқисӣ мекашиданд.

- Олимон муайян намуданд, ки маънии номи деҳа ва ҷамоат — Чагам «чоҳ» будааст, — гуфт ҳамсуҳбатам, ки яке аз ташаббускорони барқарор намудани чоҳ аст.

Солҳои 80-ум то 90-уми асри гузашта бо кӯшиши сарвари вақти хоҷагии минтақа Назар Саидов дар деҳот 10 чоҳи амудӣ канда шуд. Онҳо зиндагии аҳолиро дигаргун намуданд. Мардум дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба зироаткорӣ, боғу токпарварӣ машғул шуданд. Вале нооромии солҳои 90-уми асри гузаш­та ба чоҳҳо низ таъсир расонд. Аз 10 чоҳи кандашуда ҳоло 5-тоаш об дорад. Сокинони деҳаи Назарбойӣ то ҳол аз масофаи 3 км об мекашонанду аҳолии деҳаи Бодомту низ аз норасоии об ранҷ мекашанд. Дар деҳаи Чагам ягон чоҳ набуд.

Барқароркунии чоҳҳоро Давлати Латифӣ бо дастгирии ҳамдиёронаш Алӣ Низомов, Хуршед Эргашев, Комил Алматов, бародарон Сиёвуш ва Фаридун Исмоиловҳо, Бахтиёр Ғуломов, Хоҷӣ Абдулмаҷид, Ҳоҷӣ Муҳаммад, Рустам Шамолов, Қурбон Худоёров, Ғоибназар Ҳайдаров ва шодравон Гулмат Мизробов аз харидани дастгоҳи чоҳканӣ оғоз намуд.

- Барқароркунии чоҳ қариб 8 моҳ тӯл кашида, хурсандибахш аст, ки имрӯз ин ташаббус дар деҳоти ҳамсоя низ пайравон пайдо кардааст, — изҳори қаноатмандӣ менамояд Д. Латифӣ. — Бо кӯшиши сокини деҳоти «Саричашма» Асомиддин Нуриддинов ва ҷавонмарди чагамӣ Шодихон Хушмадов дар он ҷо як чоҳи амудӣ тоза гардида, ният доранд, 2 чоҳи дигарро дар деҳаҳои Назарбойӣ ва Бодомту тоза намоянд.

Деҳоти «Чагам» манзараҳои дилфиребу нотакрор дорад, ки метавонад ба макони сайру саёҳат табдил ёбад. Бар замми ин, дар деҳаи Назарбойӣ зиёратгоҳи Ҳазрати Бибисайло, ки аз пайвандони Ҳазрати Имоми Аъзам медонанд, мавҷуд аст, ки метавонад, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намояд. Дар поёни он се чашмаи мусаффои шифобахш ҷорист, ки замоне эҳтиёҷоти аҳолии гирду атрофро ба об пурра қонеъ менамуд. Вале солҳои охир ҷангалзор хароб гардида, бо сабаби буридани дарахтон оби чашмаҳо сол то сол кам гардид. Бархе чунин мешуморанд, ки агар ҷангалзор барқарор гардад, оби чашмаҳо низ зиёд хоҳад шуд. Давлати Латифӣ ва ҳамдеҳагон ният доранд, барои барқарор кардани оби чашмаҳо дар теппаҳои болои онҳо 500 арча шинонанд.

- Табиист, ки барои анҷоми ин кор кумаки аҳолӣ ва эҳсонкорон зарур аст, — мегӯяд Д. Латифӣ. Боварӣ дорем, ки 5 чоҳи амудӣ ва 3 чашмаро барқарор менамоему дигар касе дар деҳоти «Чагам» аз об танқисӣ нахоҳад кашид.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»