Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) пешниҳод намуда буданд, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он «Барномаи ислоҳоти милитсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия шаванд.
Ҷиҳати муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо оид ба ислоҳот ва рушди милитсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 таҳти №1438 «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 — 2020» тасдиқ гардид. Стратегия бо қабули «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» ва нақшаи амаликунонии он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №296 аз 3 майи соли 2014 тасдиқ карда шуд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ин раванд зикр намуд, ки тибқи ин ислоҳот ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ навигариҳои зиёд ворид карда мешаванд.
Мутобиқи Барномаи мазкур, минбаъд фаъолияти милитсия доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, кумаки таъҷилии тиббӣ, психологӣ, ҷустуҷӯйи одамони гумшуда ва ҳамзамон наҷот додани ҳайвонотро фаро хоҳад гирифт. Мувофиқи муқаррароти Стратегия ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014- 2020», ҳадафҳои асосӣ аз такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия ва мутобиқ намудани фаъолияти он ба меъёрҳои байналмилалӣ, давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсис додани низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноят, ки ба технологияи иттилоотии муосир асос ёфтаанд ва ғайра иборат мебошанд.
Барои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки айни ҳол фаъолият намуда истодаанд.
Дар умум, вобаста ба ислоҳоти милитсия дар давоми ду соли охир зиёда аз 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст, ки як қисми онҳо ба тасвиб расонида шудаанд.
Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки ҳуқуқу ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври ҳатмӣ, дақиқ, мутобиқ ба сатҳи тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бояд дар сатҳи қонун тасдиқ карда шавад.
Вазорат такмили низоми таҳсил, омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони милитсияро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзишии кормандони масъули мақомот дар доираи ислоҳоти милитсия ба Ҷумҳурии Федеративии Германия, ҷумҳуриҳои Хорватия, Молдова ва ИМА сурат гирифт. Пас аз омӯзиш ва мушоҳидаҳо аъзои гурӯҳ барои пешрафти кори милитсия, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят ба вазири корҳои дохилӣ таклифу пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.
Тибқи талаботи Барнома ва бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои асосию стратегии ислоҳот барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз 35 конференсияву семинар ва вохӯрӣ гузаронида шуд.
- Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия чун яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа пешбинӣ гардидааст,- гуфт зимни суҳбат муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- майори милитсия Икром Умарзода ва суханашро идома дод: -Аз ин лиҳоз, ҷиҳати иҷрои талаботи Барнома бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2014 таҳти №841 Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ба тасвиб расонида шуд. Тавре дар банди якуми Низомномаи мазкур омадааст, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҷамъиятии машваратӣ — мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати ташаккул ва татбиқкунонии сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расондан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия таъсис дода шудааст.
Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Шӯрои мазкурро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Тибқи талаботи фармони мазкур дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои минтақавии он бо ҷалби намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ашхоси фаъоли ҷомеа Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия созмон дода шуд. Айни замон аъзои шӯроҳо дар ҷараёни ислоҳоти милитсия, хусусан таҳия ва гузаронидани ташхиси ҷамъиятии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия фаъолона ширкат варзида истодаанд. Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ утоқҳои кории онҳо бо дастгирии молиявии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Сафоратхонаи ИМА таъмир карда, бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуда истодаанд. Инчунин дар доираи ислоҳоти милитсия бо маблағгузории Сафорати ИМА дар назди шуъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис дода шуд.
Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои дигари ислоҳот ин боло бурдани эътимоди аҳолӣ ба милитсия мебошад. Бо ин мақсад бо иқдоми ВКД- и Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаку дастгирии созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ пурсишҳои сотсиологӣ гузаронида шуданд. Тадқиқоти мазкур собит сохт, ки давоми ду соли охир дар натиҷаи чораҳои андешидашуда оид ба амаликунонии Стратегия ва Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст. Чунончӣ, 79,7 фоизи пурсидашудагон гузаронидани ислоҳотро зарур дониста, 71,9 фоизашон дар фаъолияти милитсия тағйироти мусбиро интизоранд. 60,8 фоизи пурсидашудагон зикр кардаанд, ки ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2013 камтар шудааст. Ин нишондод дар деҳот 69 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2014 сатҳи боварии мардум ба фаъолияти милитсия 49,8 фоизро ташкил дод, ки нисбати соли 2013- ум 4,7 фоиз бештар аст.
Бо мақсади таъмини шаффофияти пешгирии шиканҷа дар фаъолияти кории милитсия дар Академияи ВКД, ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Изолятори (тавқифгоҳи) нигаҳдории муваққатии РВКД дар шаҳри Душанбе ҳуҷраҳои шаффофи дастгиршудагон таъсис дода, дар онҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуданд.
Дар рафти ислоҳоти милитсия афзалият, пеш аз ҳама, ба самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ равона карда мешавад. Ин амал дар таҷрибаи даҳсолаҳо инкишофёфтаи ислоҳоти милитсияи давлатҳои хориҷа собит шудааст. Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар назди мақомоти корҳои дохилӣ панҷ утоқи корӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст, ки айни ҳол самаранок фаъолият доранд. Тибқи супориши вазири корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Қумсангир, Рашт ва Сино боз панҷ утоқи кории дигар ба ин хотир ҷудо карда шуд. Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораандешӣ намуда истодааст. Аз ҷумла моҳи октябри соли гузашта барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва маърифати ҳуқуқии кормандони милитсия, хусусан нозирони минтақавӣ, оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ семинари омӯзишӣ доир карда шуд.
Бояд гуфт, ки гузарондани ислоҳот дар мақомоти милитсия ва мутобиқ намудани фаъолияти он ба талаботи замони муосир, меъёрҳои асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ба ҳамкории судманд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»