Вилояти Брянск дар қисмати ғарбии шаҳри Москва, дар марзи Украинаю Беларус ҷойгир буда, аз ҷиҳати истеҳсоли картошка дар Федератсияи Россия ҷойи якум ва аз лиҳози истеҳсоли ғалла мақоми чорумро ишғол мекунад. Маркази он шаҳри Брянск буда, дар донишгоҳу донишкадаҳои он қариб 150 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Шаҳр соли 985 таъсис ёфта, 404793 нафар аҳолӣ дорад.
Инчунин, дар Брянск Созмони ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон (МОСТ) фаъолият мекунад, ки Зарина Олимова роҳбари он мебошад. Зимни суҳбат ӯ ҳадаф аз таъсиси созмонро сарҷамъу муттаҳид намудани ҷавонону донишҷӯёни тоҷик маънидод кард, ки бо Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Совети шаҳри Брянск ҳамкорӣ дошта, бисёр чорабиниро муштарак доир менамоянд.
- Моҳи марти соли равон бо мусоидати маъмурияти ноҳияи Совет бори аввал Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд ҷашн гирифтем. Намояндагони диаспораи ӯзбекҳо барои дастурхони идона оши палов пухтанд. Дигар нуқлу наворо бо маҳсулоти аз Тоҷикистон оварда тайёр кардем. Ғизоҳои хушлаззат, сарулибоси миллӣ ва рақсу таронаҳои тоҷикӣ он қадар ба меҳмонони ҷашн писанд омад, ки доимо боз кай баргузор шудани чорабиниро пурсон мешаванд, — гуфт Зарина Олимова.
Ба гуфти бисёре аз ҳамватонон, сардори шуъбаи ташкилии маъмурияти ноҳияи Совети шаҳри Брянск Владимир Меркушин, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳафт сол дар Тоҷикистон фаъолият доштааст, ҷавонони донишҷӯи кишварро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад.
- Мо бо ҳама диаспора ҳамкорӣ дорем. Ҳарчанд то ҳол диаспораи тоҷикон ташкил нашудааст, аммо дар муддати кӯтоҳ донишҷӯёни тоҷик тавонистанд, ки миллати худро муаррифӣ намоянд. Зеро аксарият дониши кофӣ дошта, ботарбияанд ва ҷаҳонбинии васеъ доранд. Бисёре аз онҳо боз ба варзиш машғуланд, — мегӯяд Владимир Меркушин.
Дарвоқеъ, донишҷӯёни тоҷик Саидасрор Юсуфов, Усмон Салимов, Юнус Комилов, Алиҷон Шерхонов дар риштаҳои гӯштини самбою дзю-до ва футбол на танҳо шарафи Донишгоҳи давлатии техникии Брянск (ДДТБ), балки шаҳр ва вилояти Брянскро ҳимоя мекунанд. Донишҷӯи соли чоруми факултети техникаю информатикаи ДДТБ Мирҳазор Саидов дар ҳашт мусобиқаи байналмилалӣ оид ба вазнбардорӣ ширкат варзида, меъёри Устоди варзиши Федератсияи Россияро ба ҷо овардааст. Ӯ 82 кило вазн дошта, зимни мусобиқот 245 килоро бардоштааст. Маъмурияти донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки Мирҳазор Саидовро дар лавҳаи «Гӯшаи фахрӣ» ҷой диҳанд.
ДДТБ соли ҷорӣ 90 — сола шуд. Қисми зиёди донишҷӯёни тоҷик маҳз дар он таҳсил мекунанд. Маъмурияти донишгоҳ толибилмонро бо хобгоҳ таъмин намудааст. Вақте ба хобгоҳи донишгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Институтская 1 омадем, моро коменданти он, бонуи ҳалиму меҳрубон Анна Качен бо шароити будубоши толибилмон ошно кард. Ҳуҷраҳо гарм ва тозаю озода буда, тартибу интизом низ қатъӣ риоя мешавад. Донишҷӯёни тоҷик Хуршед Додоҷонов, Ҳалимҷон Аминов ва Маҳмадсаид Шарифов аз шароити хобгоҳ изҳори қаноатмандӣ карданд.
-Донишҷӯёнро мисли фарзандонам дӯст медорам ва ҳар кадоме аз онҳоро ҳатто надида аз садояшон мешиносам, — лутфомез гуфт Анна Евгеневна.
Дар шаҳри Брянск чанд тан аз тоҷирони тоҷик ба фурӯши хушкмева машғуланд. Қисми дигар ба пазандагиву ронандагӣ шуғл меварзанд. Рӯзҳое, ки мо дар он ҷо будем, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Русмостранс» (роҳбараш соҳибкори муваффақи тоҷик Фирдавс Наимов) ба донишҷӯёни тоҷики шаҳри Брянск ашёи хониш тақдим намуд. Ҳиммати баланди чунин ҷавонмардони саховатманд ва фаъол будани донишҷӯёни тоҷикро дида, моро эҳсоси ифтихор аз ҳамватанон фаро гирифт. Боварӣ дорем, ки ин гуна ашхоси фаъолу ватандӯст ҳамеша боиси сарбаландии миллат мегарданд.
Самариддин АСОЕВ, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум», шаҳри Брянски Федератсияи Россия