Бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ҷиҳати фароҳам овардани шароити зист ва истироҳати донишҷӯён, 18 марти соли равон аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ хобгоҳи № 2, воқеъ дар шаҳраки Политехникум, баъд аз таъмиру таҷдид мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки хобгоҳи мазкур аз чор ошёна иборат буда, барои 420 ҷойи зист пешбинӣ шудааст.Хобгоҳ дорои толор барои хониш ва ошхона буда, инчунин дар ҳар як ошёна бо ҳаммом ва иншооти санитарии алоҳида муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон дар хобгоҳ системаи гармидиҳии автономӣ насб карда шуда, дар фасли сармо бо гармӣ таъмин карда мешавад. Харҷи кори сохтмонӣ, таъмири ҳуҷраҳои хоб, дигар таҷҳизоти зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ сурат гирифта, дар маҷмӯъ 2 млн.700 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»