Аз 18 то 21 сентябри соли равон дар мавзеи «Чорухдаррон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқҳои муштараки амалиёти зиддитеррористӣ, бо ширкати низомиёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, баргузор шуд. Зимни ҷамъбасти он вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал майор Абдусалом Азизов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи ҳадаф ва аҳамияти машқҳои муштарак дар таъмини мудофиаву амнияти мардуми минтақа, хоса Тоҷикистону Ӯзбекистон, андешаронӣ намуданд.
Машқҳои васеи низомӣ бо иштироки наздик ба 100 техникаи вазнини ҷангӣ, беш аз 300 техникаи гуногуни ёрирасон, чархболҳои ҳарбӣ ва ширкати 17 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ дар ду марҳала, мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ, доир гардиданд.
Иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштарак бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Машқҳои муштараки ҳарбии «Бародарии шикастнопазир» дар рӯҳияи баланди дӯстӣ баргузор шуд. Дар он ҳайати низомиёни ҳар ду мамлакат малакаи касбии худро сайқал дода, бо таҷрибаи ҳамдигар дар самти барҳам додани унсурҳои номатлуби ҷомеаи муосир — терроризму экстремизм ошно гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки тайи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ бори аввал бо низомиёни кишвари ҳамсоя — Ӯзбекистон машқи муштараки ҳарбӣ гузаронида шуд.
М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»