Адиби машҳури советӣ Николай Тихонов дар очеркаш «Тоҷики нотарс» аз корнамоиҳои ҷангии ҳамдиёри мо Неъмат Қарабоев, ҷасораташ дар ҷангҳои зидди финҳои сафед ва фашистони истилогар суханҳои шоён эҷод карда, ӯро Неъмати нотарсу ҷасури мо номидааст. Дар асл ҳам ҷасорату шуҷоате, ки ин тоҷикписар дар солҳои ҷанги мазкур зоҳир карда буд, вирди забони мардум ва муҳтавои асарҳои аҳли қалам гардид. Зеро ӯ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нахустин ҷанговаре буд, ки ҳанӯз 21 марти соли 1940 барои нишон додани мардонагӣ ҳангоми муҳорибаҳои ҷангӣ бар зидди финҳои сафед сазовори унвони олии Ватан- Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардид.
Неъмат Қарабоев дар деҳаи Кӯйи қозиёни ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) соле, ки дар Хуҷанд шӯриш бархост (1916), ба дунё омадааст. Аз наврасӣ нотарсу беқарор ва кунҷков будааст. Шарҳи ҳоли он қадар тӯлонӣ надорад. Маълумоти синфи ҳафтумро гирифта, дар ноҳияи Колхозобод табелчӣ шуда кор мекард. Барои такмил додани дониш ва саводи сиёсиаш ӯ соли 1939 ба факултети коргарии (рабфаки) Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуд, аммо оғози ҷанги финҳои сафед бар зидди СССР имконият надод, ки мактаби олиро хатм кунад.
Соли 1939 финҳои сафед бо дастури фашизми Германия ба хоки Иттифоқи Советӣ ҳуҷум карданд. Донишҷӯ Неъмат Қарабоев ба сафҳои Армияи Сурх даъват шуда, бар зидди финҳои сафед бархост. Амалиётҳои ҷангии Армияи Сурх 30 ноябри соли 1939 оғоз ёфтанд. Ҷанговари тоҷик Неъмат Қарабоев чун алоқачӣ дар Полки 300- и тирандозии Дивизияи 7-уми тирандозӣ бар зидди душман меҷангид. Муҳорибаҳои ҷангӣ дар шароити вазнини зимистон оғоз ёфта буданд. Неъмат Қарабоев ҳар як супориши командирро бе чуну чаро иҷро мекард.
«Ҳама дар баталён фаҳмиданд, ки Неъмат Қарабоев аз ҳеҷ чиз наметарсад ва ин ҳақиқати ҳол буд. Ӯ аз тири душман худро ҳифз карда метавонист ва аз миёни таркиши снарядҳои душман боэҳтиёт мегузашт. Дар ҳама ҳолат — шабона ё рӯзона супоришҳои дар наздаш гузоштаро дар кӯтоҳтарин фурсат иҷро менамуд.
…Вақте ки дар муҳорибаҳои шадид танкҳои полки онҳо аз ҳаракат мемонданд, Неъмат Қарабоев аз миёни таркиши снаряду тир хазида, назди танк меомад ва сабабашро пурсида, бо ҳар роҳ ба кумаки экипажи танки аз кормонда мерасид…
Агар дар муҳорибаҳои ҷангӣ ӯро дида бошед, мергани моҳир барин тирҳояш ба нишон мерасиданд. Инро рафиқони ҳамяроқаш борҳо шоҳид шудаанд.
Умуман, ӯ аз ягон чиз тарсу ҳарос надорад ва аз ин ҷиҳатҳояш ҳамяроқон «Неъмати нотарси мо» гуфта, муроҷиат доштанд», - менависад Николай Тихонов дар очеркаш.
Дар яке аз ҳуҷумҳои муштарак ва ногаҳонии полк лозим омад, ки бо дигар ҷузъу томҳо дар алоқа бошанд, зеро байни онҳо алоқа набуд. Ҷанговари диловари тоҷик Неъмат Қарабоев супориш гирифт, ки алоқаро байни полки худ ва дигар ҷузъу томҳои худӣ барқарор намояд. Ба ӯ лозим омад, ки аз ҳудуде, ки зери назорати душман қарор дошт, эҳтиёткорона гузашта, супориши командирро иҷро кунад. Дар бозгашт Неъмат ба панҷ ҷанговари фин дучор шуд, ки мехостанд, ӯро зинда дастгир намоянд. Аммо тоҷикписари чолок ин нияти нопоки онҳоро пешакӣ пайхас намуда, ба ҷониби онҳо ду граната ҳаво дод ва худ ба замин хобид. Дар як лаҳза панҷ ҷанговари фин ҳалок шуданд.
Неъмат Қарабоев супориши командирашро иҷро карда, бомуваффақият ба қисми ҳарбиаш баргашт.
Махсусан, мардонагӣ ва ҷасорати ӯ ҳангоми ҳуҷуми қатъӣ — ишғоли шаҳри Вникури (ҳоло шаҳри Виборги вилояти Ленинград) шоистаи таҳсин гардид. Неъмат Қарабоев дар сафи пеши ҷанговарони полкаш қарор дошт ва ҳангоми ҳуҷум бо нотарсӣ ва маҳорати хуби ҷангиаш рӯҳу илҳомбахши ҳамяроқонаш гардид.
Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 21 марти соли 1940 зери рақами 140 барои зоҳир намудани мардонагӣ ва иҷрои супоришҳои командирон ҳангоми муҳорибаҳои ҷангӣ бар зидди финҳои сафед, инчунин нишон додани шуҷоат ва қаҳрамонӣ ба узви комсомоли ленинӣ Неъмат Қарабоев унвони олии Ватан- Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
Баъди ғалаба бар финҳои сафед Неъмат Қарабоеви қаҳрамон ба Тоҷикистон баргашт. Мардуми тоҷик фарзанди диловару қаҳрамонашро бо иззату эҳтироми бепоён истиқбол гирифтанд.
Қаҳрамони мо дар Омӯзишгоҳи тирандозӣ — пулемётчигии Сухумии РСС Гурҷистон таҳсил кард, аммо хатм кардани омӯзишгоҳ ба ӯ муяссар нашуд. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ ба ҳимояи Ватан бархост, зеро ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба хоки муқаддаси Иттифоқи Советӣ ӯро бетараф гузошта наметавонист.
«Ӯ чун ҷанговари таҷрибадор бетараф буда наметавонист. Аз рӯзҳои нахустини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба фронт, ба ҳимояи Ватан рафт ва бо душман мардонавор ҷангида, барои наваскарону ҷанговарони қисми ҳарбии худ намуна ва тимсоли қаҳрамонӣ гардид…», — менависад олимаи шинохта ва ҷангноманавис Лидия Петровна Сечкина.
Неъмат Қарабоев ҳангоми муҳорибаҳои шадиди ҷангӣ — гузаштан аз дарёи Дон, тобистони соли 1942 қаҳрамонона ҳалок шуд. Аммо корнамоиҳои ҷангии ӯ бар зидди финҳои сафед ва фашистони немис ҳеҷ гоҳ аз ёди мардуми тоҷик фаромӯш намешавад. Номи Неъмат Қарабоевро яке аз хиёбонҳои зеботарини шаҳри Душанбе ба худ гирифтааст.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»