Ё чаро ҳуҷҷатгузорӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҷавобгӯи талабот нест?
Ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун хостем бо вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маҷлисҳои ҷамоатҳо шинос шавем. Мутаассифона, дар дастгоҳи раиси ноҳия танҳо рӯйхати вакилонро дар даст доштанд ва натавонистанд гӯянд, ки дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия чанд комиссия ҳасту чанд вакил ба онҳо шомиланд.
Ин раванд дар маҷлисҳои ҷамоатҳо низ «бо ҳар ду пой мелангад». Дар онҳо низ тартиби ҳуҷҷатгузориҳо ё риоя намешавад ва ё умуман вуҷуд надорад.
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» Зоир Идиев вакили маҳаллист, вале намедонад, ки дар маҷлиси ҷамоат чанд вакил фаъолият менамояд.
- Вакилони ҷамоат танҳо дар се моҳ як маротиба ҷамъ шуда, зимни баррасии масъалаҳо даст мебардоранду халос. Дигар намедонам онҳо ба чӣ кор машғуланд, — гуфт З. Идиев.
Раиси ҷамоати деҳоти «Қумсангир» Муродбек Ақсақолов, бо баҳонаи он ки ҳуҷҷатҳо дар дасти котибанд, аз суҳбат гурехт. — Ман медонам, ки дар ҷамоат 35 вакил фаъолият менамоянд, — гуфту халос.
Дилшод Ғайратов, сармутахассиси шуъбаи кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зикр намуд, ки аз фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия маълумот надорад. Бо вуҷуди он ки моҳи панҷуми сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вакилон ҳатто ҳисоботи ҷамъбасти семоҳаро пешниҳод накардаанд.
Билохира, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Сайдаҳмад Халилзода маълумотномаеро оид ба фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дастрас намуд. Аз он маълум гардид, ки дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун 40 вакил дар ҳафт комиссияи доимӣ фаъолият менамоянд.
Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27 — уми июли соли 2018, Нақша – чорабиниҳо баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Мутаассифона, ҳеҷ кадоме аз шахсони масъули дастгоҳи раиси ноҳия ва ҷамоатҳо натавонистанд нақша — чорабиниҳояшонро пешниҳод намоянд.
Масъулини ноҳияи Ҷайҳунро зарур аст, ки ба раванди ҳуҷҷатгузории фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри тавсеаи кори онҳо таҳрик бахшанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»