Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноҳияи Темурмалик бунёд ва азнавсозии 248 иншоотро ба нақша гирифтааст

№№14 (3964) 05.02.2019

Тавре аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик иттилоъ доданд, дар се соли оянда бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва азнавсозии 248 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, сохтмон ва азнавсозии 23 муассисаи таълимӣ, 19 варзишгоҳ, 38,97 км роҳҳои маҳаллӣ, 11 иншооти давлатӣ, 3 маркази ҳунарҳои мардумӣ ва 11 бунгоҳи тиббӣ дар деҳот, ки аллакай дар қисмате аз онҳо корҳо шурӯъ гардидаанд.

Ҳамчунин, дар деҳаҳои ноҳия аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда хоҳанд шуд. Айни замон, тибқи нақшаи пешбинигардида, дар 28 иншоот корҳои таъмирию сохтмонӣ оғоз гардидааст ва барои 62 иншооти дигар омодасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ҷудокунии замин идома дорад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

рӯзноманигор