Номаҳои шодбош ба аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум»

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

DSC_4576Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Садои мардум» дар фазои иттилоотии кишвар фаъолияти пурсамар дорад, набзи ҷомеаро хуб дарк намудааст. Он ба ­масъалаҳои муҳиме чун таҳкими пояҳои давлату давлатдории миллӣ, расидан ба қадри озодиву соҳибис­тиқлолӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, тарбияи наврасону ҷавонон, тарғиби сулҳу ваҳдат таваҷҷуҳ намуда, ҳамчунин, ошкор кардани камбудиву норасоӣ ва каҷрафтории баъзе аз ашхосро низ аз мадди назар дур намекунад. Рӯзнома фаъолияти парлумони кишвар, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо кишварҳои гуногун, нақши парлумон дар таҳкими сулҳу суботро низ инъикос карда, сокинони мамлакатро ҳамеша ба бунёдкориву созандагӣ даъват менамояд.

Ман бо нашрияи маҳбуби «Садои мардум» аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш робита дорам. Ба ёдам ҳаст, замони мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод буданам, бисёр вақт нигоштаҳои рӯзнома мавриди ҳамовозӣ қарор мегирифт, хонандагони алоҳида таҳлилу хулосабарорӣ мекарданд ва боварашон дучанд мегашт. Он солҳо дар ноҳия масъули обуна низ будам ва шоҳид мешудам, ки алоқамандони доимӣ ба рӯзномаи «Садои мардум» кам нестанд.

Бо амри тақдир соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии «Файзобод-11» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб шудам ва робитаам бо газетаи дӯстдоштании «Садои мардум» боз ҳам қавитар гашт. Ҳар як шумораи онро мутолиа менамоям. Бовар дорам, ки он солҳои дароз анису маҳбуби хонандагон хоҳад монд.

Ба аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» ва ҳаводорони он сисолагии фаъолиятро шодбош мегӯям.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  ФирдавсМуҳтарам Самариддин Асоев!

Шуморо аз номи кормандони ҶДММ «РУСМОСТРАНС» бо ҷашни 30 — солагии нашри нахустин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» сид­қан табрик менамоям.

Мартаба ва обрӯи «Садои мардум» натиҷаи заҳмати роҳбар ва ҳайати эҷодии он мебошад. Муддати се даҳсолаи рушди рӯзнома дар кишвар воқеаҳои муҳим рух доданд, ки онҳоро Шумо ҳамаҷониба инъикос намудед. Нашрияи «Садои мардум» дар давоми фаъолият манбаи муътамади хабарҳои муҳими ҷамъиятиву сиёсӣ гардида, ба талаботи журналистикаи касбӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ба Шумо ва дигар кормандони рӯзнома барои софдилона заҳмат кашидан изҳори миннатдорӣ баён намуда, орзуманди онам, ки идораи рӯзномаи «Садои мардум» бо роҳбарии Шумо ба комёбиҳои нав ба нави касбӣ ноил мегардад.

Ҳамчунин, ба Шумо саломатӣ ва татбиқи нақшаҳои беҳтаринро дар зиндагӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром, директори генералии ҶДММ «РУСМОСТРАНС»

Фирдавс НАИМОВ

Screenshot_20201127-211419_ChromeҲамкасбони гиромӣ!

Бо саъю талоши шумо, ҳампешагони азиз, рӯзномаи «Садои мардум», ки яке аз нахустин нашрияҳои даврони Истиқлолияти давлатист, дар таблиғи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон, тарбияи маънавӣ ва ҳуқуқии омма саҳми назаррас гузош­тааст. Марҳалаи рушди пойгоҳи техникӣ ва ташаккули касбии он бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз соли 1992 шурӯъ гардид. Маҳз нахустин муроҷиати Сарвари давлат, изҳорот ва санадҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон тавассути ин нашрия ба ҷаҳониён муаррифӣ гардиданд. Рӯзнома дар давраи басо муташанниҷи сиёсӣ, оғози таназзули сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ, моҳи январи соли 1991 ба дасти мардум расид. Он, дар баробари инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ба мактаби тарбияи кадрҳои ҳирфавии журналистикаи тоҷик табдил ёфт.

Бо сарварии нахустин сардабири он — журналист ва ­публитсисти маъруф Муродулло Шерализода журналистони соҳибтаҷриба Додоҷон Раҷабӣ, Бахтиёр Муртазоев, Ғанӣ Ҷӯразода, Фотеҳ Абдулло ва намояндагони насли нави журналистика — Акбаралӣ Сатторов, Қурбон Мадалиев, Муҳаммадшариф Бобошозода, Мухтор Боқизода, Абдумаҷид Муродов, Тилло Некқадамов, Ҳуринисо Ализода, Қироншоҳ Шарифзода, Солеҳ Додобоев, Шариф Ҳамдамов дастовардҳои кишвари соҳибис­тиқлолро ҳамаҷониба тарғиб карданд. Маҳз бо иқдоми рӯзномаи «Садои мардум» хабаргузории парламентӣ ва робитаи қавии Шӯрои Олӣ бо омма таҳким ёфт.

Се даҳсола мешавад, ки рӯзномаи «Садои мардум» рушди адолату ҳақиқат, озодии сухан, маърифати ҳуқуқии омма, масоили мубрами зиндагиро ҷолиб, нишонрас ва мақбули хонандагон пешкаши мардум мегардонад. Ҳоло низ он оинаи рӯз аст ва барои фардои шукуфону дурахшон мардумро ҳидоят мекунад. «Садои мардум» ҳамсол, ҳамқадам, пуштибон ва ливобардори Истиқлолияти давлатӣ буда, чун сарвати бебаҳои маънавии миллат соҳиби эътимод ва эҳтироми умум гардидааст.

Ҷашни 30 — солагӣ дар соли 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак бод, ҳамкасбони азиз!

Бо эҳтиром, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ

Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА

28423670_1867219496646023_2779462917936022643_oСоли 1991, баъд аз сафар ба деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоби Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи аҳволи сокинони деҳаҳои тоҷикнишини он мақолаи шогирдона омода кардам. Инчунин, якчанд панди Ҷалолиддин Муҳаммади Балхиро аз китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» гирд оварда, ба идораи «Садои мардум», ба назди сармуҳаррири рӯзнома, шодравон Муродулло Шерализода овардам. Баъд аз дуруду паём, вақте ки ҳадафамро баён доштам, устод навиштаҳоро қабул карда, бо онҳо шинос шуда, пурсиданд:

- Дар куҷо мехонӣ?

Гуфтам:

- Донишҷӯи соли сеюми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонам.

Гуфтанд:

- Мақолаат хуб аст, вале ман онро қабул намекунам, чунки чопи чунин мақола дар нашрияи мо метавонад боиси норозигии давлати ҳамсоя шавад, вале ту ҳатман мақоланависиро идома деҳ. Ман гулчини ҳикматҳоятро қабул ва дар шумораи навбатии газета ҳафтаи оянда ҷой мекунам.

Ман пандҳои гирдовардаро супорида, мақоларо ба нашрияи дигар бурдам. Ҳафтаи дигар пандҳо бо номи «Гулчини ҳикматҳо» аз китоби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» чоп шуд. Ҳарчанд он мақола набуд, вале чопаш дар чунин нашрияи бонуфуз барои мани донишҷӯ ифтихор буд. Ифтихоре, ки минбаъд роҳкушои ман барои навиштан ва ҳамкорӣ бо нашрияҳо гардид. Ҳамин тавр, касби журналистикаро интихоб кардам ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудам.

30-солагиро ба кормандон ва ҳаводорони нашрияи «Садои мардум» табрик мегӯям. 30 соли пурбаракат муборак бошад!

Холиқназар ҶУМЪАЕВ,

PR-менеҷери Ширкати мобилии «Вавилон»