Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

Гиромидошти ҷанговари ватандӯст

№123 (3269) 21.10.2014

Бо ташаббуси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шаҳидон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-и деҳаи Шӯроби Искандарии деҳоти «Сомон»-и ноҳия ба номи хатмкардаи ҳамин таълимгоҳ Абдуҳанон Ҳамзаев номгузорӣ карда шуд.

Абдуҳанон Ҳамзаев баъди хатми мактаб хизмати ҳарбиро бо амри тақдир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шурӯъ менамояд. Ӯ дар чандин амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуда, аз худ далерӣ ва шуҷоат нишон медиҳад. Мутаассифона, дар яке аз амалиётҳои ҷангӣ полки 149-и дивизияи 21-ум, ки дар ҳайати он Абдуҳанон Ҳамзаев меҷангид, ба муқобилияти сахт дучор мегардад. Ротаи онҳо дар ҷанги нобаробар қариб ба пуррагӣ талаф ёфта, Абдуҳанон Ҳамзаев захми вазнин мебардорад. Вақте ки ӯро ба госпитали ҳарбӣ мебурданд, дар дохили чархбол вафот мекунад. Ҷасорату мардонагии фарзанди диловари Ватан 25 октябри соли 1985 бо ордени «Байрақи Сурх» қадрдонӣ карда шуд.

Дар маросими номгузории мактаб ба номи Абдуҳанон Ҳамзаев намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, ҷанговарони интернатсионалисти шаҳру ноҳияҳои кишвар, қисмҳои низомӣ, гурӯҳи калони варзишгарон иштирок доштанд. Дар маросим зикр гардид, ки номи мавсуф дар лавҳи хотирҳо боқӣ хоҳад монд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»