Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

Дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодӣ — Наврӯзи хуҷастапай танинандоз аст.

Бояд гуфт, ки пайдоиши Наврӯз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи ривоёт, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул рост меояд. Вай дар он рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ­баҳамоӣ, хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон амалӣ менамуд, ки аз мавҷудияти адлу инсоф, ғояҳои инсондӯстӣ ва эътирофи ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳанд.

Мардуми кишвар аз он сарфарозанд, ки бо баракати истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ барпо ва устувор гардида, урфу одат, расму оини миллии ниёгон ва арзишҳои муқаддаси аҷдодӣ, аз ҷумла Наврӯзи Аҷам, дубора эҳё гашта, ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Табиат ва инсон дар Наврӯз ҷони тоза меёбанд.

Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрӯз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад. Яке аз сарчашмаҳои муҳим барои шинохти Наврӯз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аст, ки мувофиқи он дар давраи Каюмарс-подшоҳи аввали Аҷам баробаршавии шабу рӯзро дарёфтанд.

Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳам Каюмарс аввалин подшоҳест, ки хост ба рӯзу моҳҳо ном гузорад ва солшумориро барқарор намояд. Ӯ субҳи барвақт, вақте Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад муъбадонро даъват кард ва фармон дод, ки солшумориро аз ҳамон рӯз оғоз кунанд.

Тақвимҳои ахтаршиносии (ситорашиносӣ) қадим шаҳодат медиҳанд, ки соли 5287 пеш аз мелод нахустин шоҳаншоҳи ориёӣ Каюмарс дар он рӯз (Наврӯз) тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳод ва тахташро дар дохили кӯҳ барпо намуда, ба муқобили аҳриманон бархост. Аз ин ҷост, ки ӯро Гаршоҳ (шоҳи кӯҳистон) ном гузоштаанд.

Аз «Наврӯзнома»-и Хайём: Пас аз як даври пурраи Наврӯз дар сол (1507 солу нӯҳ рӯзу 23 дақиқаю 12 сония) Ймо ё Ҷамшед -    машҳуртарин шоҳаншоҳи сулолаи пешдодии Ориёно соли 3679 пеш аз мелод бо хатми сохтмони шаҳри Бахдӣ (Балхи имрӯз) тоҷи шоҳӣ ба сар мекунад ва Наврӯзро бо як тантанаи бузург ҷашн мегирад.

Муҳимтарин маросими ҷашни Наврӯз инҳоянд:

«Хонатаконӣ»

«Оташи чаҳоршанбеи сурӣ»

«Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», («Ҳафтмим»)

«Сездаҳбадар»

«Суманакпазӣ».

Хонатаконӣ: Ҳафтае пеш аз омадани Наврӯз мардум хона ва маҳалли зиндагии худро пок ва хушбӯ месохтанд ва дили худро аз кинаву хашм ва бадандешӣ пок менамуданд, то арвоҳи гузаштагон аз онҳо хушнуд ва хайру баракат зиёда гардад. Сипанд дуд карда, ҳавои хонаро тоза месохтанд. Аз хонаҳои қадимаи сандалиҷойдошта сандалиро мегирифтанду гилем мепартофтанд.

Маросими чаҳоршанбеи сурӣ:

Дар фарҳанги наврӯзӣ чаҳоршанбеи охири сол, ки ба чаҳоршанбеи сурӣ маъруф аст, ҷойгоҳи махсус дорад. Ин шаб охирин муҳлат барои омодагӣ ба ҷашнҳои наврӯзӣ аст ва инсонҳо ҳар куҷое бошанд, мекӯшанд либосҳои худро нав кунанд ва ҳар чиро, ки кӯҳна ва вайрон шудааст, аз хона дур партоянд.

«Сездаҳбадар»: Наврӯзро бо чаҳоршанбеи сурӣ истиқбол мекарданд ва бо «сездаҳбадар», ки охирин рӯзи ҷашнҳои наврӯзист, гусел менамуданд. Дар ин рӯз ғаму ғусса хӯрдан мамнуъ аст.

«Ҳафтсин»: Муҳимтарин маросими наврӯзӣ паҳн кардани дастурхони «ҳафтсин» аст. Чизҳое, ки дар суфра ниҳода мешаванд, ҳар кадом пайвастагии махсусе бо одоби иҷтимоии ориёиҳо дорад.

Мардум хона меороянд, ҳама ҷоро пок мекунанд, либоси нав мепӯшанд, гулу шириниву шарбат мениҳанд ва рӯйи дас­турхон ҳафт чиз, ки номашон бо ҳарфи «син» шурӯъ шуда бошад, мисли сабза, себ, санҷид, сумалак, сирко, сир, сипанд мегузоранд.

Ҳафтшин: Дар дастурхони наврӯзӣ суннати ҳафтшин низ мавҷуд аст: шамъ, ширинӣ, шарбат, шароб, шир, шакар, шаҳд.

Назаре аст, ки «ҳафтшин» таърихи қадимтар дорад, вале, ба ақидаи баъзе аз донишмандон, таркиби калимаҳои арабии он далолат аз ин қадимият намекунад.

Суманакпазӣ: Гандумро пешакӣ, ба нияти пухтани суманак, шуста, дар зарф­ҳои васеъ мегузоштанд ва барои намнок шудан каме дар зери борон нигоҳ медоштанд. Суманакпазӣ ҳам тартиб дошт, ба ин далел, ки як нишонаи хурсандӣ аст. Хонаводае, ки мусибат дошт, ин амалро иҷро намекард ва ба ин оилаҳо ҳамсоягон суманаки тайёршударо мефиристоданд.

Аз ҳамон рӯз расм шудааст, ки одамон дар Наврӯз ба якдигар ширинӣ туҳфа мекунанд.

Саратон МАҲМУДОВА,  омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе