Ҳафтаи гузашта ноҳияи Шаҳринав гулафшон буду кӯчабоғҳояш сабзу хуррам ва тозаву озода. Ҳангоми суҳбат гармии дилашон аз каломи ширинашон ҳувайдо мегардид. Чун фаҳмиданд, ки ба Конференсияи илмиву бадеӣ бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода омадем, хушҳол шуда, шоҳбайтҳо аз ашъори шоир мехонданд.
Дар канори шоҳроҳ ҷое, ки ҷода ба чор самт тақсим мешавад, муҷассамаи Мирзо Турсунзода қомат афрохтааст. Давру бари он гулгашт аст ва ба он одамон тавассути дарвозаи зебое, ки ба тозагӣ сохтаанд, ворид мешаванд.
- Рӯзҳои шанбеву якшанбе арӯсу домодҳо ба зиёрати ҳайкали шоир меоянд, — мегӯяд пирамарди нурониву суханвар, собиқадори меҳнат Дадабоев Музаффар. Гӯё дуои устодро мегиранду сипас ба зиндагии якҷоя ҳусни оғоз мебахшанд.
Ба ҳайкали Мирзо Турсунзода менигарам. Мебинам, ки шоир бо нигоҳи розолуд ва андешаманд ба поён, ба сӯи деҳаҳои ободу дашту боғҳои сабз менигарад.
- Шеър ҳам бояд занад фавворае,
Аз танӯри дил чу оташпорае…
Садои адиб Султонмуроди Одина ба гӯшам мерасад. Нависанда рӯ ба рӯи муҷассама шеъри устодро мехонад. Дигарон дар атрофи ӯ ҷамъ меоянд. Маҳфил аз ҳамон ҷо оғоз мегардад. Шоир Маъруф Ниёзӣ баъдан риштаи суханро ба даст мегирад:
- Устод Турсунзода шоири инсонпарвар буданд, — мегӯяд ӯ. — Сулҳ, озодӣ, ободӣ, дӯстӣ, Ватан, зан-модар, васфи табиати нотакрори Тоҷикистон мавзӯъҳои асосии эҷодиёташон аст. Вусъати андешаи ӯ он қадар васеъ буд, ки он кас ҳатто бо сайёраи замин ишқ меварзиданд, набзи сайёраро ҳис мекарданд:
Чашми ман серӣ надорад аз тамошои замин,
Хоҳам аз мадди назар наафтад ягон ҷои замин…
Он касро зиндагии сахти мардуми сайёра андуҳгин месохт. «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре» мегуфтанд. Бояд зиндагии устод мояи ибрат бошад. Мисли он кас бояд сулҳу дӯстиро тараннум кунем ва ҳар куҷои олам, ки бошем, садои дили пур аз муҳаббати тоҷикро ба он ҷо барем.
Аз шунидани ин суханон ва шеърхонии дӯстон гӯё лабони устод Турсунзода ғарқи табассум шуданд.
Ба шуъбаи маорифи ноҳия омадем. Мудири он Мушаррафа Шарифова моро гарм истиқбол намуд. Он ҷо низ сухан дар бобати шахсият ва осори Мирзо Турсунзода буд.
- Замоне ки роҳбари Дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шаҳринав будам, — хотираҳояшро варақгардон кард Музаффар Дадабоев, — ба осоишгоҳи Сочӣ рафтам. Рӯзе баъд бо марди тануманде вохӯрдам. Аз ман пурсид:
- Аз кадом кишвар ҳастӣ?
- Аз Тоҷикистон!
Вақте номи Тоҷикистонро шунид, такон хӯрд ва синчакорона сар то поямро аз назар гузаронида пурсид:
- Турсунзодаро мешиносӣ?
- Дар Тоҷикистон одамеро пайдо кардан душвор аст, ки Турсунзодаро нашиносаду шеърҳояшро азёд надонад.
Бо шунидани ин сухан ӯ маро сахт ба оғӯш гирифта гуфт:
- Мирзо Турсунзода дӯсти дӯсти ман Расул Ғамзатов аст. Ман борҳо дар суҳбати ӯ нишастаам. Вай шоири бузург ва марди хирадманд аст.
Он мард, ки олим ва ҳамшаҳриву дӯсти Расул Ғамзатов буд, ҳар рӯз бо ман дидор дошт. Аксар вақт хоҳиш мекард, ки шеърҳои Турсунзодаро бо забони тоҷикӣ барояш хонам. Ҳарчанд ки забони моро намедонист, аммо ошиқи оҳанги он шуда буд.
- Забони тоҷикӣ мисли забони аварии мо рӯҳнавоз аст. Бо шунидани он кас рӯҳу илҳоми тоза мегирад, — мегуфт ӯ.
Мушаррафа Шарифова иттилоъ дод, ки дар мактабҳои ноҳия бахшида ба 110 — солагии Мирзо Турсунзода маҳфилҳои турсунзодахонӣ баргузор шуда истодаанд.
Суҳбат гарму самимӣ буд, ёди устоду ашъори дилошӯбашон ба ҷонҳо ҳаловат мебахшид.
Ба сӯи бинои ҳукумати ноҳия роҳ пеш гирифтем. Ба он нарасида, чашмамон ба боғи зебое афтид, ки муҷассамаи Исмоили Сомонӣ онро зеб медод. Дил мехост соате дар гулгашти он қадам занем, аммо фурсат танг буд.
Ба маҷлисгоҳи бинои ҳукумат даромадем. Дӯстони шаҳринавӣ бо чеҳраҳои боз ва шеъри Турсунзода дар лаб моро пешвоз гирифтанд. Давру барамон пур аз омӯзгорону мактабиён буданд, ки либосҳои миллӣ дар бар доштанд.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун!
Ин байти устод Турсунзодаро замзамакунон раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сатторӣ Абдуҷаббор, ки дер боз ҳамдигарро мешиносем, ба сӯямон омад. Конференсияро муовини раиси ноҳия Шоиста Неъматуллозода ифтитоҳ намуд.
Духтарону писарон аз ашъори Мирзо Турсунзода шеърҳо хонда, ба ин васила, ба ҳамдигар ифшои муҳаббат намуданд. Сарояндагон таронасароӣ карданду раққосаҳо арғушт рафтанд.
Як замон рӯи саҳна симои Мирзо Турсунзода намудор гашт. Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва Носирҷон Маъсумӣ ҳамроҳаш буданд. Намоиши ҷолибу диданӣ оғоз шуд. Турсунзода ба дӯстонаш аз сафари Ҳиндустон қисса мекарду Боқӣ Раҳимзода ҳазлҳои намакин менамуд. Мирсаид Миршакару Маъсумӣ дар бораи кишвари афсонавии Ҳиндустону мардуми он мепурсиданд.
Бо дидани ин намоиши ҷолиб аҳли толор лаҳзае худро ҳамсуҳбати устод Мирзо Турсунзодаву дӯстонаш ҳис карда, баъд аз хатми он мавҷи қарсакро ба фазо сар доданд.
Суҳбати адибон Султонмуроди Одина, Фатҳуллои Азиз низ ҷолиб буд.
Вақте аз толор берун омадем, як гурӯҳ омӯзгорону сокинони ноҳия даврамонро печонда, дар бораи рушду нумӯи ноҳияи Шаҳринав суҳбат карданд. Оташи муҳаббаташон дар чашмонашон ҳувайдо мегашт.
Мо низ ободу зеботар гаштани Шаҳринавро медидем ва садоқату самимияти сокинони онро ба арзишҳои милливу Ватани маҳбубамон ҳис менамудем.
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Шеъри Мирзо Турсунзода дар лаб ва муҳаббати сокинони Шаҳринав дар дил аз миёни дашту боғсор ва деҳаҳои зебоманзар роҳи пойтахти мамлакат — шаҳри Душанберо пеш гирифтем.
Ӯ. Назар,
«Садои мардум»