Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Шаҳри Турсунзода. Бенизомӣ дар бозори марказӣ»

№156 (4262) 29.12.2020

Мақолаи Ёқуби Содиқ «Шаҳри Турсунзода. Бенизомӣ дар бозори марказӣ», ки 10 ноябри соли 2020 таҳти №138 (4244) дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, дар маҷлиси васеи Ҷамъияти матлуботи ба номи В. Вафоеви шаҳри Турсунзода  мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба камбудиҳои дар он дарҷгардида тадбирҳои зерин андешида шуданд:

1. Вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби ситоди ҷамъияти матлубот дар ҳамкорӣ бо ситоди шаҳрӣ, шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, фаъолони ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин замина 3200 ниқоб ба фурӯшандагон ва харидорон ройгон тақсим гардида, ин иқдом идома дорад;

- барои баланд бардоштани маърифати фурӯшандагон ва харидорон тавассути баландгӯяки бозор ҳар рӯз қоидаҳои беҳдоштӣ шунавонида мешавад;

- дар даромадгоҳҳои бозор се ҳароратсанҷи электронӣ ва садди зиддисироятӣ (дизбарйер) ташкил гардида, ҳар рӯз бо маҳлули антисептикӣ безарар гардонида мешаванд.

2. Дар ҳамкорӣ бо ситоди шаҳрӣ, кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ ҷиҳати рӯпӯш намудани маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо ва таъмини талаботи санитарии маҳсулоти ғизоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба як қатор соҳибкорони инфиродӣ огоҳӣ дода шуд.

3. Бо мақсади аз гармо ва боришот ҳифз намудан 141 метри ҳудуди бозор бо соябон рӯпӯш гардид.

4. Дар роҳи қисмати оҳангарони бозор сангреза рехта, мумфарш гардидани он ба нақша гирифта шудааст.

5. Қубури обгузар ва ҷӯйборҳои атрофи бозор мунтазам тоза ва безарар гардонида мешаванд.

6. Бо мақсади пешгирӣ намудани савдои кӯчагӣ дар ҳудуди бозор муваққатан ба якчанд фурӯшанда иҷозати савдо дода шудааст, ки аз ду ҷониб то 4 метр роҳ мавҷуд буда, ба рафтуомади харидорон халал намерасонад.

Ҷамъияти матлуботи ба номи В. Вафоеви шаҳри Турсунзода ҷиҳати пурра бартараф намудани камбудиҳои дар мақола зикргардида тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Н. НУРОВ,

раиси раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода