ТАҲКИМИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ

№111 (3257) 25.09.2014

Нуздаҳуми сентябри соли 2014 дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукуматӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, Ҷаласаи 25-уми Шӯрои минтақавии сохторҳои зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, намояндагони сохторҳои амниятии кишварҳои аъзои СҲШ — Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи Шӯрои минтақавии ниҳодҳои зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзиданд.

Зимни нишаст бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, санадҳои танзимкунандаи ҳамгироии ниҳодҳои зиддитеррористии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо сохторҳои дахлдори Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ ва маъқул дониста шуданд.

Ҳамзамон нақшаи тадбирҳои муштараки ниҳодҳои марбутаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар муносибат бо афроди дар муноқишаҳои мусаллаҳона аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ, ҷудоиталаб ва экстремистӣ ҷалбгардида ва оид ба таъмини амнияти лӯлаҳои фаромарзии интиқоли нафту газ тасдиқ гардиданд.

Дар ҷаласа инчунин доир ба таъсиси гурӯҳи коршиносони ниҳодҳои марбутаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масоили ҳамоҳангсозии муборизаи муштарак бо фаъолияти ғайриқонунии созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ, ҷудоиталаб ва экстремистие, ки ба амнияти кишварҳои аъзои СҲШ хатар эҷод месозанд, тасмим гирифта шуд.

Нақшаи чорабиниҳо ва муқаррароти фаъолияти гурӯҳи кории муштараки коршиносони ниҳодҳои марбутаи давлатҳои аъзои Созмон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Шӯрои минтақавии ниҳодҳои зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба ошкор, огоҳ ва пешгирӣ намудан аз истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ дар солҳои 2015-2016 мувофиқа карда шуданд.

Ҷонибҳо дар самти ҳамроҳ намудани Кумитаи иҷроияи Шӯрои минтақавии сохторҳои зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ба бахши иттилооти озоди Маркази байналмилалии маълумот дар мубориза алайҳи терроризм ба мувофиқа расиданд.

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Шӯрои минтақавии сохторҳои зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба татбиқи тадбирҳои пешбинишуда маъқул дониста шуд.

Ҳамзамон нақшаи кории Кумитаи иҷроия ва коршиносони хадамоти сарҳадии ниҳодҳои марбутаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои соли 2015 тасдиқ гардид.

Барои саҳмгузорӣ дар рушди фаъолияти Кумитаи иҷроияи Шӯрои минтақавии сохторҳои зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва таҳкими равобит миёни сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзои Созмон як зумра кормандони ниҳодҳои марбута ва Кумитаи иҷроия бо ифтихорномаҳои Шӯро сарфароз гардонида шуданд.

Раёсати Шӯрои минтақавии сохторҳои зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай расман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон вогузор гардид. Қарор дода шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор карда шавад.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»