Аз Паём то Паём

Татбиқи саривақтии Паём ҳаёти осудаҳолонаро таъмин мекунад

№154 (4260) 24.12.2020

Татбиқи Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро фарогир аст, бешак, гарави ҳаёти осудаҳолонаи мардуми кишвар мебошад. Мехоҳам дар бораи татбиқи ду банди Паёми Пешвои миллат дар миқёси шаҳри Истиқлол, ки ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф алоқаманд аст, ибрози андеша намоям.

Саломатии миллатро боигарии давлат гуфтаанд. Сарвари давлат роҷеъ ба ин масъала дар Паёмашон ба масъулони соҳа дастур доданд, ки сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монанд ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳама зинаи кадрии соҳа ташкил намоянд. Зеро, ба таъкиди Президенти мамлакат, ҳарчанд дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир қисме аз мушкилоти соҳавӣ рафъ гардида бошад ҳам, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам беҳбудӣ мехоҳад.

Дар робита ба иҷрои дастури Пешвои миллат соли ҷорӣ 10 ҳамшираи шафқат ва се табиб аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, донишҳои тахассусиро боло бурданд. Иловатан, барои муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббии шаҳр ба беморхонаи марказӣ зиёда аз 10 номгӯй таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид гардида, шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии шаҳру бунгоҳи тиббӣ дар мавзеи «Табошаҳри куҳна» аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Ин чораҷӯиҳо ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизмат­расонии тиббӣ ба сокинон мусоидат кард. Ин буд, ки соли ҷорӣ аз хусуси хизматрасонии тиббӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ягон шикоят ворид нагардид.

Дар Паёмашон Пешвои миллат вобаста ба соҳаи маориф низ дастуру супоришҳои зиёд доданд. Чунончи, гуфтанд: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд… Вобаста ба ин ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад».

Бо мақсади татбиқи сифатноки ин дастур дар миқёси шаҳр тадбирҳо андешида шуд. Хусусан, чорабинии даври шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ» байни хонандагону омӯзгорони шаш мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, зиёда аз 400 довталаб маҳорат санҷиданд. Ҳайати ҳакамон 38 нафарро ғолиб донист ва онҳо ба озмуни даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Боиси тазаккур аст, ки омӯзгори МТМУ №1 Нушофарин Хидирова дар номинатсияи «адабиёти ҷаҳонӣ»-и озмуни вилоятӣ ҷойи якумро ишғол намуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Инчунин, дар Паём бобати таъмину такмили китобхонаҳо бо адабиёти зарурӣ сухан рафт. Бояд гуфт, ки фонди китобхонаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр соли ҷорӣ бо зиёда аз 2000 нусха дастуру адабиётҳои дарсиву бадеӣ ва соҳавӣ ғанӣ гардонида шуд. Дар шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр китобхонаҳои назди муассиса таъсис ёфтанд.

Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» низ дар сатҳи баланд доир гардид. Моҳи август дар қасри фарҳанги шаҳр 21 нафар иштирокчии он маҳорати навозандагию сарояндагиро ба ҳайати ҳакамон нишон доданд. Ин ва дигар чорабиниҳо, бешак, ба болоравии маънавиёту маърифати мардум мусоидат мекунанд, ки ба шарофати татбиқи самараноки Паёми Пешвои миллат ба даст меояд.

 Муқаддас АЛАБЕРДИЁН,

муовини якуми раиси шаҳри Истиқлол