Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҷавонон зиёд аст

№13 (3650) 08.02.2017

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воридшавии кишвари азизамон ба марҳалаи нави рушд, бо қадамҳои устувор пеш рафтани мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда, амнияти давлату ҷомеа сухан ронда, таъкид доштанд, ки «Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем».

Инчунин, соли 2016, бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа, рушди иқтисоди мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон таъмин гардид. Аз ҷумла, амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон додаанд, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шавад. Аз ин рӯ, танҳо дар 15 соли охир даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир ва тавассути амалисозии барномаҳои давлатӣ дурнамои фаъолият ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ баланд менамояд. Тавре Сарвари давлат таъкид карданд: «Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро ташкил медиҳанд». Дар баробари ин, Пешвои миллат зарур шумориданд, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.

Таваҷҷуҳи зиёди Сарвари давлат ба масъалаи ҷавонон ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор доштани ин қишри ояндасози ҷомеа буд, ки соли 2017 — ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Воқеан ҳам, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меоварад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат ҳамчун як барномаи мукаммал моро ба сӯйи некуаҳволӣ, пешрафту шукуфоӣ ҳидоят менамояд ва эътимоду боварии ҳар як сокини кишварро ба фардои дурахшон афзун мегардонад.

Саида Ғаффорова, вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Шоҳмансур, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15