Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои кишвари мо давраи санҷиши камолоти сиёсӣ оғоз гардид. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мушкилоти зиёд, ин давраи санҷишро бомуваффақият паси сар намудем.
Баргардондани гурезаҳо аз вазифаҳои муҳим буд, ки он дар вазъияти мураккаб амалӣ шуд. Дар Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» (24 ноябри соли 1992) қабул гардид, ки баробари мавриди амал қарор додани он тамоми тадбирҳо андешида шуд, то гурезаҳо ҳар чӣ зудтар ба Ватан баргардонда шаванд. Бо ин мақсад Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1993 «Дар бораи сафари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Исломии Афғонистон» қабул шуд.
Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фирориён дилгармӣ ба зиндагӣ, боварӣ ба ояндаи некро бахшид. Дар Муроҷиатномаи Сарвари давлат чунин суханони самимона омадаанд: «Моҳҳост, ки гуфтушунидҳои самарабахш бо неруҳои гароишҳои мухталифи сиёсӣ ҷорист ва мо азми қавӣ дорем, ки ҷиҳати тафоҳуми комили ҳама фарзандони модари тоҷик онро давом диҳем. Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».
Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат тавъам буд. Дар шароити душвор Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, мардумро ба ободонии кишвар ва дигар амалҳои хайр ҳидоят намуд.
Муҳимтар аз ҳама, мардум иқдоми устуворонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри пойдории сулҳ, таҳкими истиқлолият, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ дарк намуд.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шароит фароҳам омад, ки рушди ҳама соҳа таъмин ва сатҳи зиндагии мардум боло равад. Аз ҷумла, рукнҳои давлатдорӣ мустаҳкам, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин гашт. Дар ин самт саҳми мақомоти судӣ, ки як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад, низ назаррас аст. Бо фармонҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ амалӣ шуда, ба рушди фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат кард.
Дар шароити вазъи печида ва душвори ҷаҳони муосир бо дарки амиқи арзишҳои миллӣ дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ омадани мардуми мамлакат баёнгари воқеии ваҳдати миллист. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли 2016) омадааст: «Таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд».
Биноан, моро мебояд дар ин ҷода собитқадам бошем.
Ҳимматзода Неъматулло, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе