- Дар остонаи ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳия шумораи хона-осорхонаҳо ва осорхонаҳои мактабӣ афзоиш меёбанд, — гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ Зиёдулло Турдиев.
Аз ҷумла дар хона-осорхонаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Муҳиддин Баротов бо саҳифаҳои рангини рӯзгори ӯ-лаҳзаҳои ҷангӣ, фаъолияташ ҳамчун омӯзгор, мукофоту тақдирномаҳо, аксҳо бо шахсони номдори собиқ СССР шинос шуда метавонед.
-Ин осорхона як саҳифаи хурде аз муборизаҳои шадид барои Ватани азиз мебошад, — гуфт Муҳиддин Баротов
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»