Восеъ: Фаъолияти судманди се корхона

№97 (4680) 02.08.2023

КоллажМудири бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Аминҷони Амирхон иброз намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 66 миллиону 115,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо намудан ва боварӣ ҳосил кардан ба маълумоти пешниҳодшуда аз се корхонаи ноҳия, аз ҷумла ҶСК «Хоҷамуъмин» дар ҳамбастагӣ бо Корхонаи истеҳсоли моеи зарфшӯӣ, Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ — шифер ва як коргоҳи хурди омодакунии мизу курсиҳои оҳанин дидан намудем.

Сараввал бо вазъи фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хоҷамуъмин» ошно гардидам. Ҳангоми боздид даҳҳо нафар занони маҳаллӣ ва ҷавононро саргарми кор дидем. Маълум гардид, ки ҶСК «Хоҷамуъмин» дар ҳамбастагӣ бо Корхонаи истеҳсоли моеи зарфшӯӣ ягона корхонаи саноатии фаъо­ли ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шуда, он моҳи сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шудааст.

 Муҳсинҷон Файзов, роҳбари сехи хокаи ҷомашӯии ҶСК «Хоҷамуъмин» дар суҳбат изҳор дошт, ки корхона аз ду сехи васеъ иборат буда, дар он истеҳсоли маҳсулоти хокаи ҷомашӯӣ ва намаки йодкардашудаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда шудааст. Инчунин, гуфта шуд, ки дар коргоҳи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ бо номи «SOFIYA» аз рӯи 15 номгӯй маҳсулоти ҷомашӯӣ истеҳсол мекунанд. Маҳсулоти корхона дар тамоми нуқтаҳои савдо ва бозору марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ харидори худро дошта, бо соҳибкорону тоҷирон шартномаи тарафайн доранд. Айни замон дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, бештари кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ба хориҷи мамлакат низ содирот мегардад. Яке аз коргарзанони фаъоли ин корхона, ки худро З. Сафарова, муаррифӣ кард, гуфт: «Шукргузорӣ аз даврони соҳиб­истиқлолии мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки чунин корхонаи нави муосирро дар як деҳаи дурдасттарини ноҳия ба истифода доданд. Мо занҳои хонашин аз ин иқдоми Пешвои миллат хушнуду масрур шуда, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидем, ки боиси хушҳолӣ аст».

 Коргоҳи хурди истеҳсоли мизу курсии оҳанин дар маркази ноҳияи Восеъ воқеъ буда, он соли 2021 ба кор оғоз кардааст. Мизу курсиҳое, ки дар ин коргоҳи хурд омода карда мешаванд, дар вилояту ҷумҳурӣ назир надорад. Таассуфовар ин аст, ки соҳибкори коргоҳ фаъолияташро дар бинои иҷора пеш бурда, моҳе 1500 сомонӣ пули иҷора месупорад, аммо соҳибмулки бино гуфтааст, ки истеҳсолотчиён дар фурсати кӯтоҳ ҷойро холӣ кунанд. Бояд дар ин самт Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои фаъолияти минбаъдаи соҳибкор чораандешӣ намояд. Соҳибкор омода аст, ки фаъолияти коргоҳашро васеъ карда, боз чанд нафар ҷавони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин созад.

Тибқи маълумоти дастрасгардида аз шумораи 40 корхонаи саноатии ноҳия дар ин давра 10 корхона — ҶДММ «Алишер АСК», ҶДММ «Аминҷон — 2012», ҶДММ «Бозори Ҳулбук», ҶДММ «Маҳмадрасул», ҶДММ «Саричашма ЭМТ», ҶДММ «Сунатуллои Шуҳрат», ҶДММ «Чорёр — 91», ҶДММ «Яхсу — 2015», ҶСК «Обсохтмон» ва ҶСП «Сафари Қурбон» бинобар сабаби мавсимӣ буданашон фаъолият накарданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»