23 апрели соли равон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Хатлон № 3 ҷараён гирифт.
Аз 541 вакил – иштирокчӣ 533 нафар ба тарафдории номзад Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён, ки қаблан дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритуз, Қубодиён, Панҷ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ пешниҳод ва ҷонибдорӣ гардида буд, овоз доданд.
Инчунин, дар интихоботи миёнадаврӣ, ки 23 апрел дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Б. Ғафуров №14 доир гардид, Мавлудахон Мирзозода бо гирифтани 72,1 дарсади раъйи интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Ҳамин тариқ, 24 апрел дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода ба ҳайси узви Маҷлиси миллӣ ва Мавлудахон Мирзозода ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуда, ваколаташон тасдиқ гардид.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»