Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия Юсуф Раҳмон 15 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба мақомот 20 ҳазору 834 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 1732 шаҳрванд барқарор шудааст.
- Дар маҷмӯъ мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 4161 санҷиш гузаронида, ҳуқуқу манфиатҳои 141951 шаҳрвандонро барқарор карда, ҷиҳати бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда 62 ҳазору 176 санади эътиноӣ, аз ҷумла 12 747 амр, 5796 пешниҳод бароварда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 9292 эътироз оварда, 34 341 санади ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ қабул карданд, — афзуд прокурори генералӣ.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти прокуратура тафтиши 2468 парвандаи ҷиноятиро таъмин карда, аз онҳо 2320 ададро барои баррасӣ ба суд ирсол намудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо 61, 7 млн. сомонӣ зарар, аз ҷумла 7,4 млн. сомонӣ ба манфиати давлат, рӯёндааст.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»