Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳамидуллохон ФАҚЕРОВ: «Устодони ДДТТ аз Париж се медали тилло оварданд»

№№14 (3964) 05.02.2019

Ректори ДДТичорати Т (2)- Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ҳар нимсола рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро аз рӯи 36 нишондод муайян менамояд, ки тибқи он Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикис­тон дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2018-2019 ба панҷгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид, — изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров.

Номбурда илова кард, ки донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, 4 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, магистратура, аспирантура, докторантура ва литсей мебошад. Дар донишгоҳ 16 кафедра, аз ҷумла, 5 кафедраи умумитаълимӣ ва 11 кафедраи тахассусӣ фаъолият менамоянд. Китобхонаи замонавӣ аз ду толори хониши китобҳои муқаррарӣ бо 155 ҷойи нишаст ва ду толори хониши китобҳои электронӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Ҳамидуллохон Фақеров ёдрас шуд, ки дар донишгоҳ таҳсил ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи рӯзона 115 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ, 23 гурӯҳ бо забони русӣ ва 8 гурӯҳ бо забони англисӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 2018 нақшаи қабули донишгоҳ 1501 нафар муайян шуда буд. Шумораи умумии донишҷӯёни ба донишгоҳ дохилшуда 1510 нафар мебошад, ки 100,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 84 донишҷӯй аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳсил мекунанд.

Соли 2018 аҳли донишгоҳ аз рӯи 5 самт дар доираи 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқот гузарониданд. Аз ҷумла, устодон 12 монография навиштанд, ки 3-тои он дар Фес­тивали шаҳри Париж сазовори медали тилло гардид.

ВОРИС, «Садои мардум»