Соли 2018 бо мақсади нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ ва таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дидбонгоҳҳои роҳҳои чорвогузар бо ваксинаҳо ва маҳсулоти шустушӯйии зарурӣ таъмин карда шуданд. Ин нуктаро раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода 31 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, ваксина ва дигар маводи байторӣ ба маблағи 1 876 997 сомонӣ харидорӣ ва ба марказҳои таъминоти озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардид. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво дар 15 миллиону ду ҳазору 138 сар ҳайвон ва паранда чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида шуд.
Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки соли сипаришуда дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои безараргардонӣ, аз ҷумла, дезинфексия дар масоҳати 487,482 ҳазор метри мураббаъ, дезинсексия 51,47 ҳазор метри мураббаъ ва дератизатсия дар масоҳати 72,27 ҳазор метри мураббаъ гузаронида шуд. Инчунин, аз ҷониби озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳо 994965 ташхис гузаронида, маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 22110 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 10887 килограмм маҳсулоти ширӣ, 57137 дона тухми паранда, 85490 килограмм меваю сабзавот, 587 килограмм моҳӣ, 1145 литр равғани растанӣ ва 208 килограмм асал ошкор ва тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуд.
- Муҳимтар аз ҳама, соли 2018 ягон намуди молу маҳсулоти пастсифати таҳти назорати карантинӣ ва байторӣ қарордошта ба кишвар ворид нашудааст, — афзуд Фарҳод Камолзода.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»