Муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонзода 29 январи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Кумита сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои марзию маъмурӣ татбиқ менамояд.
Соли 2018 ҷиҳати баррасии рафти иҷрои нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Қубодиён, Хуросон, Мастчоҳ ва Файзобод бо ҷалби намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумита гузаронда шуд. Ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи низомнома, интихоб, таъин ва ҳавасмандгардонии раисони маҳаллаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Турсунзода, Панҷакент, Кӯлоб ва Ваҳдат қобили пайравӣ арзёбӣ шуд.
Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъулин барои ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ибтикори зиёд гирифтаанд.
Илова бар ин, Кумита ҷиҳати иҷрои вазифаи низомномавӣ дастурҳо оид ба «Омодасозии пешниҳод ба ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал, арзёбии раванди рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот» ва «Шакли намунавии пешниҳоди маълумоти ҷамъбастӣ вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи ҳисоботии семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона»-ро дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷро ва корбарӣ ирсол намудааст.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»