- Дар 9 факултет 7030 донишҷӯ аз рӯи 46 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 2148 донишҷӯ аз рӯи 18 ихтисос дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд, - иброз дошт ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Амонулло Салимзода 15 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки имсол 118 донишҷӯ бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ хориҷ шуданд. Инчунин, маълум гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати баргардонидани маблағҳои барои таҳсил харҷшуда аз тарафи хатмкардаҳои донишгоҳ, ки тавассути буҷети давлат таҳсил кардаанд, ба суди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 25 аризаи даъвоӣ ирсол намудааст.
- То ҳол 4 нафар маблағи таҳсилро баргардонидаанд, — афзуд ректор.
Бино ба қавли ӯ, ба ҷои кор сафарбар шудани хатмкардаҳои донишгоҳ 60 фоизро ташкил медиҳад.
М. Усмон, «Садои мардум»