- Соли 2021 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба узвияти яке аз бонуфузтарин ташкилотҳои илмии байналмилалӣ – Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ пазируфта шуд, — изҳор намуд ректори донишкада Исозода Диловаршоҳ зимни нишасти матбуотӣ, ки 9 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба робитаҳои илмию таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, нуфузи муассиса аз нигоҳи рақобатпазирӣ ва муайян намудани самтҳои ҳамкории судманд, соли 2021 бо се донишгоҳи хориҷи кишвар ва Академияи давлатии кишоварзии Костромаи Федератсияи Россия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Робитаҳои илмию таҷрибавӣ бо 40 муассисаи таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар низ дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Аз ҳайати 144 — нафараи омӯзгорони донишкада соли гузашта 13 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»