Аз нишастҳои матбуотӣ

Имзои қарордод ба маблағи беш аз сад миллион сомонӣ

№15 (4121) 01.02.2020

DSC_4643Зимни нишасти матбуотии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 январ) зикр шуд, ки соли 2019 тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металл­ҳои нодир» омӯзиши геологии қаъри замин амалӣ гардид. Дар ин давра бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 22 лоиҳа бо харҷи 10455000  сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд.

- Дар маҷмӯъ, бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 29434963 сомонӣ корҳо анҷом дода шуданд, ки нисбат ба соли 2018-ум 694694 сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор намуд сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Дар Шӯрои илмӣ — техникии саридора  22 лоиҳа оид ба омӯзиши геологӣ ва 30 ҳисоботи геологӣ баррасӣ гардид. Бино ба гуфти номбурда, дар Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 44 мавод муҳокима шудааст, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 14 адад зиёд мебошад.

Тибқи фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли сол ба 7 ширкат 16 иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин бо мақсади омӯзиши геологӣ дода шудааст. Илова бар ин, бо 48 ширкат  қарордоди истифодаи қаъри замин ба маблағи 113285966,3 сомонӣ ба имзо расидааст.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»