Кам шудани таваҷҷуҳи довталабон боиси нигаронист

№16 (4756) 02.02.2024

DSC_7796- Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон дар зинаи бакалавр дар курси якум донишҷӯён аз рӯи 36 ихтисос, курси дуюм — 31, курси сеюм — 30, курси чорум — 33  ва дар зинаи магистратура аз рӯи 11 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Илҳом Амонзода.

Шумораи донишҷӯён 3460 нафар  мебошад. Соли таҳсили 2022-2023-ро 856 донишҷӯ хатм намуда, ин шумора нисбат ба соли пешин 5 фоиз зиёд аст. Аммо нисбатан кам гардидани теъдоди дохилшудагон дар соли таҳсили 2023-2024 боиси нигаронист. Аз рӯи 36 ихтисос 1343 ҷой пешбинӣ гардида буд, аммо ба донишгоҳ 762  донишҷӯ қабул гардидааст, ки 56,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»