Аз нишастҳои матбуотӣ

Муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ 4856887 нафаранд

№86 (4036) 18.07.2019

_DSC0003+Дар нимсолаи аввали соли 2019 даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа якҷо бо операторон ва провайдерони хусусӣ ба 1 миллиарду 233 миллиону 501 ҳазору 579 сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,8 дарсад мебошад. Дар ин бора муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфти ӯ, маблағи хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 922 миллиону 691 ҳазору 333 сомониро ташкил дода, шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ 6 миллиону 458 ҳазору 900 нафарро ташкил медиҳад, ки 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони интернет якҷо бо интернети мобилӣ 2,9 миллион нафар аст.

Дар ҷумҳурӣ 213 истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба як соли пеш бетағйир мебошад. Аз миқдори умумии воситаҳои радиоэлектронӣ 163 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, 34 — вилояти Суғд, 11 — вилояти Хатлон ва 5 адад ба ВМКБ рост меояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»