Нимаи аввали соли 2019 дар натиҷаи амалиёти гузаронида захираҳо бо категорияҳои гуногун ҳисоб шуда, сармояи давлат аз ҳисоби тилло, ангишт, регу шағал, хок, оҳаксанг, ашёи сементӣ, газ ва нефт ғанӣ гардид. Дар ин бора сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода 17 июл маълумот дод.
Бино ба қавли номбурда, дар ҷумҳурӣ захираи нефту газ дар чуқуриҳои аз 3 то 5 ҳазор метр дар қаъри замин ҷойгир аст ва корҳои омӯзиши геологӣ ва коркарди онҳо босуръат ҷараён дорад.
Бо вуҷуди гузаронидани корҳои зиёди омӯзиши геологӣ ва амалисозии лоиҳаҳои хурду бузург дар ҷумҳурӣ ҳанӯз мавзеъҳои таҳқиқнашуда зиёданд.
- Дар давраи зикршуда Саридора барои иктишофи геологӣ ба буҷет 3 млн. 959 ҳазору 318 сомонӣ андоз супорид. Ҳамчунин, 2 ҳазору 810 харитаи геологии канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ рақамӣ ва бо 22 ширкат қарордоди истифодаи қаъри замин баста шудааст, — афзуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
М. УСМОН, «Садои мардум»