Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 камтар ба қайд гирифта шуд, ки аз боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо дарак медиҳад. Бештари муроҷиатҳо то ин давра ба масъалаҳое марбут буданд, ки ба дигар мақомот дахл доштанд.
Дар ин давра 1691 шаҳрванд (441 адад ба таври хаттӣ ва 1250 адад шифоҳӣ) ба мо муроҷиат кардаанд, ки асосан ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент) ва ғайра вобастагӣ доранд. Дар муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон бештар аз қарор ва амали мақомоти судӣ, мақомоти прокуратура ва мақомоти корҳои дохилӣ шикоят шудааст.
Зариф Ализода афзуд, ки дар давраи зикршуда тибқи «Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, мактаб-интернатҳо, мактаб-парваришгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 26 санҷишу мониторинг ва вохӯрӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, кормандон дар 7 мурофиаи судӣ иштирок намуданд.
Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 127 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд, ки дар онҳо зиёда аз 4100 нафар шаҳрванд иштирок карданд. Бояд гуфт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва панҷ қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамояд.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»