Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳрвандон барои таъмири роҳҳо зиёда аз 75 миллион сомонӣ харҷ карданд

№№14 (3964) 05.02.2019

Вазири Наклёт  (1)- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи нақлиёт афзалиятнок ва муҳим ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳадафҳои стратегӣ эътироф шудани раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ гувоҳи ин гуфтаҳост, — изҳор намуд вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 30 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Қайд шуд, ки соли гузашта тавассути ҳама намуди нақлиёт 79 миллиону 207,1 ҳазор тонна бор ва 605 миллиону 545,1 ҳазор мусофир интиқол ёфтааст, ки нисбат ба соли пешин зиёд мебошад. Айни замон дар бозори хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ 1440 субъекти хоҷагидор фаъолият ва 845 хатсайри мусофирбарӣ расман амал мекунанд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки бо эҳё шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шумораи хатсайрҳои байналмилалӣ афзоиш ёфт. Ҳоло ба шаҳрҳои Тошканд, Термиз, Деҳнав ва Самарқанд нақлиёти мусофирбар мунтазам ҳаракат мекунад. Ҳамчунин, ба чанд шаҳри Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон хатсайрҳои байналмилалии нақлиёти автомобилӣ фаъол гардидаанд.

Инчунин, зикр шуд, ки айни ҳол дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 638 миллиону 770,7 ҳазор доллари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва 521 миллиону 456 ҳазор доллар тибқи қарордоди имзошуда мавриди татбиқ қарор доранд. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ соли 2018 ба маблағи 75 миллиону 351,7 ҳазор сомонӣ таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти марбути он иҷро гардидааст.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»