Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 119 адад расид

№86 (4036) 18.07.2019

_DSC0017+Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ 15 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки кишоварзони мамлакат нисбат ба нимсолаи аввали соли 2018 истеҳсоли картошкаро 35511 тонна, ғалладона-62243, сабзавот-65520, полезӣ-18681, мевагиҳо-19939 ва ангурро-116 тонна зиёд карданд. Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст. Сабаби дар бозорҳо қиматии нархи баъзе намуди маҳсулот, аз ҷумла, полезиҳо, дар он аст, ки то ба бозор омадан аз чанд «даст» мегузарад ва хароҷоти нақлиёт низ ба он изофа мешавад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ ба 7 миллиарду 790 миллион сомонӣ расид, яъне афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,8 фоизро ташкил медиҳад.

Муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷамила Саидова илова намуд, ки дар нимсолаи аввал шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 119 адад расид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 адад зиёд мебошад. Инчунин, саршумори паранда ба 9 миллиону 227858 сар ва истеҳсоли тухм ба 307,4 миллион дона расонида шуд. Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 3 миллиону 195981 сар ва 140,4 миллион дона зиёд аст. Истеҳсоли моҳӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,7 тонна зиёд шуда, ба 464,2 тонна расид.

Боиси хурсандист, ки кишоварзони мамлакат дастранҷи худро ба Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, ҷамъ ба 25 кишвар содир мекунанд.

Зикр гардид, ки бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ҳар сол шумораи анбору сардхонаҳои замонавӣ дар мамлакат меафзояд. Илова бар ин, дар масоҳати 73,97 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолият доранд, ки соли равон кишоварзон аз онҳо 1940 тонна сабзавот рӯёниданд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»