Аз нишастҳои матбуотӣ

Зулфия Давлатзода: «Фурӯши клубҳои деҳот манъ аст»

№96 (4679) 28.07.2023

Вазорати фарханг (1)Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зулфия Давлатзода дар нишасти матбуотӣ, ки 26-уми июли соли 2023 доир гардид, ба саволи хабарнигори «Садои мардум»: «Оё дуруст аст қисме аз клубҳои деҳот, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг ба ҳисоб мераванд, фурӯхта шудаанд?», посухи инкор дод. Зулфия Давлатзода, аз ҷумла, гуфт: «Тамоми муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳо ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шудаанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» фурӯхтани муассисаҳои характери иҷтимоидошта, аз ҷумла клубҳои деҳот, манъ аст».

- Дар сурати зарурат, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ масъаларо бояд бо Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намоянд. Вазорат танҳо дар ҳолате ба фурӯши муассисаҳо иҷозат медиҳад, ки ҷои он муассисаи нави фарҳангӣ бунёд шавад, — афзуд вазири фарҳанг.

Дар идомаи суҳбат сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии вазорат Озар Орифӣ, бо зикри он ки бештари клубҳо дар деҳот таъмирталабанду дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, вазъи онҳоро ташвишовар арзёбӣ кард.

 Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар давраи мавриди назар театрҳои пойтахт 8 ва театрҳои музофотӣ 16 намоишро саҳнавӣ намуданд. Муассисаҳои нашриявии вазорат 35 номгӯй адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавиро бо теъдоди 21 ҳазору 360 нусха аз чоп бароварданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Балҷувон» дар ноҳияи Балҷувон ва Муассисаи давлатии «Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Кангурт» дар ноҳияи Темурмалик таъсис ёфтанд.

Зулфия Давлатзода дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид доир гардидани чорабинии махсуси фарҳангӣ «Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар» — ро, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, шоҳи Нидерланд, муовини Дабири кулли СММ ва дигар меҳмонони воломақом иштирок намуданд, аз чорабинии муҳими фарҳангии давраи сипаришуда номид.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»