Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин

№28 (4448) 03.03.2022

51913188278_756765c232_o2 марти соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қас­ри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Он рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Япония Айки Тошиҳиро, Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок, Ҷумҳурии Арабии Миср Назиҳ Алӣ Баҳа Ад-Дин Ал-Нагарӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ, Салтанати Умон Иброҳим ибн Аҳмад Ал-Муинӣ, Давлати Исроил хонум Зеавит Бен Хиллел, Подшоҳии Белгия Анрӣ Вантигем, Ҷумҳурии Австрия Вилли Кемпел, Подшоҳии Норвегия Ҷон Микал Квистад, Руминия хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта Иван Лалан Бердутик ва Канада Алан Хемсен бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон эътимоднома супурданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 30 соли соҳиб­истиқлолӣ пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки бо кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонро дар арсаи байналмилалӣ бештар гардонад. То ба ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати минтақаҳои гуногуни олам робитаҳои дипломатӣ барпо намуда, ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳо пайгирона чораҳои зарурӣ меандешад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Арабии Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Умон, Давлати Исроил, Подшоҳии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Подшоҳии Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳо бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид дош­танд, ки дар шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳ­дидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки давлати Тоҷикис­тон пешбурди минбаъдаи шарикӣ бо кишварҳоро ҷузъи таркибии сиёсати хориҷӣ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бори дигар ба сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

www.president.tj