аз 30 июни соли 2017, №332, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Амирбекзода Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бо сабаби табдил додани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон